АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ,
РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ
МАҚОМИ ТАНЗИМГАРИ ДАВЛАТӢ

АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ,

РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ

МАҚОМИ ТАНЗИМГАРИ ДАВЛАТӢ

Шиносоӣ бо фаъолияти Филиали Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ дар вилояти Суғд

12.05.2025

Ҳафтаи сипаришуда дар доираи сафари кории муовини аввали директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон - Матин Ахмедов бо мақсади шиносоӣ бо тартиби ҳуҷҷатгузорӣ дар раванди фаъолият, ҳолати нигоҳдории бинои маъмурӣ, иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти Академия ва директори Агентӣ аз бини Филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ дар вилояти Суғд дидан намуд.

Иқдоми мазкур бо мақсади расонидани кӯмаки амалӣ ба филиалҳои Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба пешбурди фаъолияти оинномавӣ, тартиби дурусти ҳуҷҷатгузорӣ ва бақайдгирии мактубу аризаҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар филиалҳо ба роҳ монда шуда, мунтазам ва бо навбат аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳо амалӣ карда мешавад.