
Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми ХVIII зиёиёни эҷодкор ва олимони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба кори худ оғоз намуд. Форуми мазкур бо ташаббуси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва бунёди байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил зери унвони «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: уфуқҳои нави ҳамкорӣ» баргузор шуда, зиёиён, ходимони илм, фарҳанг, маориф ва воситаҳои ахбори оммаро муттаҳид менамояд.
Гуфта мешавад, ки дар форум натиҷаҳои соли 2024 ҷамъбаст гардида, нақшаҳои чорабиниҳои муштарак баррасӣ ва оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг, иттилоот, сайёҳӣ, варзиш ва кор бо ҷавонон тавсияҳо таҳия карда мешаванд.
Дар доираи ин Форум намоиши дастовардҳои олимон ва ниҳодҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он кормандони Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ фаъолона иштирок намуда, дастовардҳои илмӣ-амалӣ ва таҷҳизотҳои наву замонавии худро ба намоиш гузоштанд. Форум то 15 май идома меёбад.
