Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ,
радиатсионӣ ва ядроӣ
мақоми танзимгари давлатӣ

Боздиди донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз озмоишгоҳи Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ

14.05.2024



14 майи соли ҷорӣ дар доираи ҳамкориҳои илмӣ байни ниҳодҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо донишгоҳҳои олии кишвар бо мақсади ҷалби ҷавонон ба илм, аз ҷумла, идома додани таҳсил дар зинаи магистратура ва докторантура, як гурӯҳ донишҷӯёни курсҳои 2, 3 ва 4-и факултетҳои “Гидрогеология ва Геологияи муҳандисӣ”, “Биология”, “Физика” ва “Химия”-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз Муассисаи давлатии “Маркази омӯзиши пиряхҳо” ва Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати ХБРЯ-и Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ боздид намуда, бо фаъолияти озмоишгоҳҳо ва пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ шинос шуданд.

Донишҷӯёни ДМТ бо таҷҳизотҳои наву замонавӣ, утоқҳои корӣ, инчунин аксҳои ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати ХБРЯ, тақдими лавҳаи аз ҷониби Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ ва эътироф гардидани марказ ҳамчун Маркази минтақавӣ ва дигар дастовардҳои ходимони илмии Агентӣ, шинос гардиданд.

Мавриди зикри хос аст, ки Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати ХБРЯ, 29 октябри соли 2024 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Тазаккур додан ба маврид аст, ки мақсад аз он тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносӣ, худогоҳӣ, тарғиби дастовардҳои илмӣ ва саҳми Пешвои миллат дар инкишофи соҳаҳои гуногуни илму маориф, хусусан дар пешрафти бонуфузтарин муассисаи илмии кишвар – Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон арзёбӣ мегардад.