АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ,
РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ
МАҚОМИ ТАНЗИМГАРИ ДАВЛАТӢ

АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ,

РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ

МАҚОМИ ТАНЗИМГАРИ ДАВЛАТӢ

Комрон Бобоев - ходими калони илми Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ бо cипосномаи Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон қадрдонӣ гардид

21.05.2025


21 майи соли ҷорӣ дар доираи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо ташаббуси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати ХБРЯ-и АМИТ Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзуи "Нақши олимони ҷавон дар рушди илм, инноватсия, иқтисоди рақамӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ" (Бахшида ба эълон гардидани соли 2025- "Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо" ва эълони солҳои 2025-2030 "Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия") баргузор гардид.

Дар конфронси мазкур олимони ҷавон аз ҳама ниҳодҳои илмии АМИТ ширкат варзида, вобаста ба мавзуҳои гуногуни соҳавиашон дар бахшҳои илмҳои ҷомеашиносӣ, техникӣ, физика, биология ва тиббӣ бо маърӯзаҳои илмӣ суханронӣ намуданд. 

Дар доираи ин чорабинӣ, Комрон Бобоев - Мудири шуъбаи амнияти химиявӣ, доктори фалсафа (PhD), ходими калони илми Агенти амнияти химиявӣ биологӣ радиатсиони ва ядрои АМИТ бо Сипосномаи Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон қадрдони гардид. 

Аҳли кормандони Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ ба Комрон Бобоев дар ҷодаи илм ва дастоварди навбатаиш муваффақиятҳои нав ба навро орзуманданд.