01.04.2025
"Таъйини Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун Маркази ҳамкории Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА), ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва АБНА-ро бо мақсади мусоидат ба фаъолияти минтақавӣ дар самти амнияти ҳастаии ҷисмонӣ тақвият мебахшад." чунин гуфт, муовини директори Генералии АБНА ва роҳбари департаменти бехатарии радиатсионӣ ва амнияти ҳастаӣ Лиди Эврар дар маросими ба имзо расидани созишномаи ҳамкорӣ дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия.