03.04.2025
Имрӯз, 3 апрел дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати ХБРЯ-и Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Акдемияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи “Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик” бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)”, “Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», «Солҳои рушди иқтисоди рақамаӣ ва инноватсия» (солҳои 2025-2030), Конференсияи илм- назариявӣ баргузор гардид.
Дар конфронси мазкур Академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Улмас Мирсаидов, роҳбарияти Агентӣ, олимони ҷавон, муҳақиқон ва кормандон Филиали Агентӣ дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва бадахшон ба таври маҷозӣ ширкат варзиданд.
Директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ Илҳом Мирсаидзода нахуст ҳамаи иштирокчиёнро бахшида ба даҳаи муаррифии илми академии тоҷик, табрику таният гуфта, ба кори конфронс ҳусни оғоз бахшид.
Илҳом Мирсаидзода изҳор дошт, ки рӯй овардан ба таҳқиқоти илмӣ, хусусан ба таҳқиқи илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ қадами боэътимод барои рушди устувори иқтисоди мамлакат ва таъмини рақобатпазирии ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилаӣ мебошад. Зеро дар марҳилаи нави рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши илм ва тафаккури илмӣ дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва бунёдӣ хеле муҳим аст.
Таъкид гардид, ки мустаҳкам намудани пойгоҳи моддиву техникӣ, таъсиси Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати ХБРЯ бо озмоишгоҳҳои нави ба бозори меҳнат рақобатпазир, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз таваҷҷуҳи ҳукумати мамлакат нисбат ба илми ватанӣ ва амалӣ намудани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, “Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор ва «Солҳои рушди иқтисоди рақамаӣ ва инноватсия» шаҳодат медиҳад.
Сипас, дар идомаи конфронс як қатор кормандони Агентӣ аз чумла, номзади илмҳои техникӣ-мудири шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеа Олимҷон Азизов дар мавзӯи «Истифодаи технологияи рақамӣ дар ҳалли масъалаҳои илмӣ ва идоракунии озмоишгоҳҳо», ходими илмӣ- Шарифзода Асомиддин дар мавзӯи «Омӯзиши имконияти ҷудокунии уран аз маъданҳои урандори Помири шарқӣ», Сатторзода Субҳоналӣ дар мавзӯи «Омӯзиши мавҷудият ва миқдори кофеин дар баъзе маҳсулоти хӯрока», Раҳматшоев А.. дар мавзӯи «Мониторинги радиатсионии ҷойҳои таърихӣ ва сайёҳии Тоҷикистон» ва Тиллозода Ҳ..корманди филиали Агентӣ дар вилояти Суғд дар мавзӯи «Объектҳои обии Тоҷикистони Шимолӣ» бо маърӯзаҳои пурмазмун суханронӣ намуданд.
Дар интиҳо аз ҷониби иштирокчиён мулоҳизаронӣ сурат гирифт.