03.04.2025
3 апрели соли 2025 дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати ХБРЯ-и АМИТ ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаи фаъолияти Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ) дар се моҳаи аввали соли ҷорӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Илҳом Амонзода, директори Агентӣ Илҳом Мирсаидзода, инчунин ходимон ва кормандони ин ниҳод иштирок намуданд.
Ҷаласаро ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Илҳом Амонзода ифтитоҳ намуда, сипас суханро ба директори Агентӣ Илҳом Мирсаидзода супорид. Директори Агентӣ дар бораи дастовардҳои илмӣ ва фаъолияти Агентӣ дар семоҳаи аввали соли 2025 дар назди ҳозирин баромад намуда, иброз намуд, ки яке аз комёбиҳои назарраси Агентӣ дар ин давра аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаштани Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати ХБРЯ-и АМИТ мебошад, ки он ҳамчун Маркази минтақавӣ пазируфта шуд. Илҳом Мирсаидзода дар идома афзуд, ки иқдоми мазкур на танҳо сатҳи касбияти марказро баланд бардошт, балки мавқеи онро дар арсаи байналмилалӣ низ мустаҳкам намуд. Ҳамзамон, Агентӣ тавонист шаҳодатномаи аккредитатсияи давлатиро низ ба даст орад, ки шаҳодати риояи меъёрҳои баланди миллӣ дар фаъолияти он инъикос мегардад.
Илҳом Мирсаидзода дар идомаи суханронии худ вобаста ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии Агентӣ ва иштироки фаъолонаи кормандон дар конфронсҳо ва машваратҳои сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ ёдовар шуд. Таъкид карда шуд, ки чорабиниҳои мазкур барои табодули таҷриба, муаррифии дастовардҳои илмии Тоҷикистон ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ мусоидат намуданд.
Инчунин, дар ҷаласа зикр гардид, ки кормандони Агентӣ дар корҳои ҷамъиятӣ низ фаъолона ширкат варзида, дар татбиқи барномаҳои мухталифи иҷтимоӣ ва илми ватанӣ саҳми арзанда гузоштанд.
Дар фарҷоми ҷаласа, аз ҷониби ноиби президенти АМИТ Илҳом Амонзода фаъолияти пурсамари Агентӣ баланд арзёбӣ гардида, изҳори умедворӣ намуд, ки ниҳоди мазкур минбаъд низ корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, навштани мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавии худро густариш дода, дар таъмини амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ нақши муҳим мебозад.