АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ,
РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ
МАҚОМИ ТАНЗИМГАРИ ДАВЛАТӢ

АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ,

РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ

МАҚОМИ ТАНЗИМГАРИ ДАВЛАТӢ

Кормандони Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ дар ҳифзи табиат ва тозаю озода нигоҳ доштани он саҳм мегузоранд

05.04.2025


5 апрели соли равон бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва директори Агентӣ ҷиҳати анҷом додани корҳои созандагӣ, ободкорӣ ва сарсабзу хуррам гардонидани гирду атроф бо иштироки кормандон дар Маркази омӯзишӣ ва таълимии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ шанбегӣ баргузор гардид.

Дар рафти шанбегӣ олимону кормандони Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ барои ба тартиб даровардани дарахтони сояафкану мевадиҳанда, тозаву озода намудани гузаргоӽӽои дохил ва гирду атрофи марказ, нарм намудани заминӽо дастаҷамъона заҳмат кашида, баҳри зебою хуррамгардонии гирду атроф барои боз ҳам зеботар намудани пойтахти кишвар пайваста саҳми арзандаи худро мегузоранд.