Натиҷагирӣ аз фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ дар нимсолаи аввали соли 2025
3 июни соли ҷорӣ дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ дар шаш моҳаи аввали соли 2025 ва нақшаҳо барои давраи минбаъда, ҷаласаи ҷамъбастӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Илҳом Амонзода, директори Агентӣ профессор Илҳом Мирсаидзода, инчунин ходимон ва кормандони ин ниҳод иштирок намуданд.
Ҷаласаро ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Илҳом Амонзода ифтитоҳ намуда, сипас суханро ба директори Агентӣ супорид.
Илҳом Мирсаидзода дар бораи дастовардҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва фаъолияти Агентӣ дар давраи ҳисоботӣ дар назди ҳозирин баромад намуда, изҳор дошт, ки соли 2025 Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ фаъолияти илмї-тањќотии худро аз рўи се мавзуи илмии нав оѓоз намуд, ки инҳо:
- “Хусусиятҳои истихроҷи консентрати уран ва дигар компонентҳои арзишнок аз маъданҳо ва партовҳои истеҳсолоти уран дар Тоҷикистон”;
- “Баҳодиҳии радиоэкологӣ ва мониторинги радиатсионӣ дар экосистемаҳо дар мисоли Тоҷикистон”;
- “Арзёбии хавфи биологӣ ва мониторинги бемориҳои фаромарзии зоонозӣ дар Тоҷикистон” мебошанд.
Таъкид гардид, ки дар давраи њисоботї дар умум 52 мақолаҳои илмӣ ва фишурдаи мақолаҳо, аз љумла, 20 мақолаҳои илмї дар маљаллањои таќризшавандаи љумњуриявї (РИНЦ, КОА ПЉТ), 1 дар маљалањои хориљи кишвар (SCOPUS, Google Score) ва 32 маќолањои илмї ва фишурдаи мақолаҳо дар конференсияињои байналмилалї ба чоп расиданд. Инчунин, 17 маќолаи илмї ба маљаллањои таќризшаванда барои чоп супорида шуданд, аз љумла 2 дар маљалањои хориљи кишвар (SCOPUS, Google Score).
Зимни натиҷагирӣ аз фаъолият дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ, Илҳом Мирсаидзода иброз дошт, ки яке аз комёбиҳои назарраси Агентӣ дар ин давра аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаштани Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати ХБРЯ, иштирок ва ғолибияти кормандон дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, гузоштани санги асос дар Филиали Агентӣ дар вилояти Хатлон мебошад.
Директори Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ ҳамчунин вобаста ба иштироки фаъолонаи кормандон дар конфронсҳо ва машваратҳои сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ ёдовар шуд. Таъкид карда шуд, ки чорабиниҳои мазкур барои табодули таҷриба, муаррифии дастовардҳои илми ватанӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ мусоидат менамоянд.
Дар интиҳои ҷаласа аз ҷониби ноиби президенти АМИТ Илҳом Амонзода фаъолияти Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ дар нимсолаи аввали соли 2025 натиҷагирӣ шуда, самарабахш арзёбӣ гардид. Ҳамчунин ҷиҳати боз ҳам зиёд намудани чопи мақолаҳои илмӣ дар маљаллањои таќризшавандаи сатҳи байналмилалӣ, таҳқиқи мавзуъҳои вобаста ба ҳифзи пиряхҳо, илмҳои дақиқ ва тарғиби дастовардҳои илмӣ тавассути воситаҳои ахбори омма тавсияҳои судманд дода шуд.