ЧОРАБИНИИ ВАРЗИШӢ БАХШИДА БА РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ
Рӯзи 23 феврал 2023, ба муносибати 30-солагии таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар толори конфронси Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон чорабиние бо иштироки тамоми ҳайати Агентӣ баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ директор Агентӣ, доктори илмҳои техникӣ ва дотсент Илҳом Мирсаидзода, таърихи таъсис ва ташаккули Артиши Миллӣ-и Ҷумҳурии мустақили Тоҷикистонро, ҳамчунин таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи кишвар аз сифр ба таври муфассал шарҳ дод. Ӯ ба нақши муҳими Агентӣ дар таҳкими сулҳ ва ваҳдати миллӣ, ҳамчунин дар таъмини амнияти доимӣ дар саросари қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус таъкид намуд. Дар суханронии пурмазмунаш, ӯ ҷасорат, маҳорати касбӣ ва мардонагии хизматчиёни Қувваҳои мусаллаҳро ситоиш намуда, ҳамаи ҳозирин ва иштирокчиёнро ба ифтихори ин ҷашни бузурги муҳофизони Ватан табрик намуд, ки рамзи ҷасорат, ватандӯстӣ ва кафили сулҳу оромии замин мебошад.
Ҳамзамон, дар ҷараёни чорабинӣ дар майдони варзишии Маркази омӯзишии минтақавии Агентӣ мусобиқаҳои варзишӣ бо иштироки тамоми ҳайати Агентӣ баргузор шуданд. Дар мусобиқаҳо 10 намуди варзишӣ, аз ҷумла армрестлинг, қуввасанҷӣ бо дастҳо, футбол ва дигар намудҳои бозиҳо ташкил карда шуданд. Баъди анҷоми мусобиқаҳо, ғолибон бо туҳфаҳои арзишманди хотиравӣ аз ҷониби маъмурияти Агентӣ қадрдонӣ шуданд.
Ҳадафи баргузор намудани чунин чорабиниҳои варзишӣ пеш аз ҳама такмил додани маҳорати корӣ, тақвияти саломатӣ, иҷрои машқҳои ҷисмонӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад. Ҷоиз ба ёдоварист, ки дар Агентӣ мунтазам чунин чорабиниҳои муфид ва варзишӣ доир мегарданд ва аллакай ба анъана табдил ёфтаанд.