Ваҳдати миллӣ - ҳамчун рамзи пирӯзиву хушбахтӣ
Ваҳдати миллӣ яке аз муҳимтарин дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол аст, ки 27 июни соли 1997 бо имзои Созишномаи сулҳ ба даст омад. Ин рӯйдоди таърихӣ на танҳо ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшид, балки заминаи мустаҳками сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди устуворро дар кишвар фароҳам овард.
Ваҳдати миллӣ ҳамчун рамзи пирӯзиву хушбахтӣ ба мардуми тоҷик нерӯву тавони нав бахшид ва дар дили ҳар як сокини кишвар шуълаи умедро ба фардои ободу осуда фурӯзон намуд ва қалбҳои хурду бузурги ҳар як сокини мамлакатро пур аз шодиву фараҳ гардонид.
Бо имзои ин санади таърихӣ давлати соҳибистиқлоли мо ҳувият ва ҳастии хешро дубора ҳифз кард ва ба ҷаҳониён исбот намуд, ки миллати тоҷик дорои тамаддун ва фарҳанги бостонӣ буда, муҳимтарин муқаддасоти хеш Ватанро медонад.
Ваҳдати миллӣ на танҳо як мафҳуми сиёсӣ, балки арзиши маънавӣ ва фарҳангӣ аст, ки мардуми Тоҷикистонро ба осиштагӣ ҳидоят намуд. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ баён доштанд: “Ваҳдати миллӣ асоси пешрафти ҷомеа ва омили муҳими таъмини суботи давлат аст.” Ин ғоя дар қалби ҳар як шаҳрванд ҷой гирифта, ба рушди худшиносии миллӣ ва эҳсоси ватандӯстӣ мусоидат намуд.
Мусаллам аст, ки ин рӯйдоди бузурги таърихӣ дар дилу шуури шаҳрвандони кишвар ҳисси эҳтиром ба Тоҷикистони соҳибистиқлол ва муқаддасоти Ватанро устувор гардонида, ба онҳо эътимод бахшид, ки миллати куҳанбунёди тоҷик метавонад танҳо бо ҳамин ғояи наҷотбахш ба ободкориву созандагӣ машғул шавад ва барои ояндагон як Ватани ободу зебо ба мерос гузорад.
Марҳалаи начандон тӯлонии таърихӣ собит намуд, ки тоҷикон дар ҳақиқат миллати созандаву бунёдкор, ватандӯсту ватанпарвар, соҳибтамаддуну фарҳангӣ ва сулҳхоҳу таҳаммулгаро буда, метавонанд бо ваҳдату сарҷамъии худ ҷомеаи воқеан муосири демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ бунёд намоянд.
Вазъияти байналмилалӣ ва идома ёфтани ҳуҷумҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба кишварҳои гуногуни олам моро водор месзад, ки беш аз ҳар вақти дигар ба қадри суҳу осоиштагӣ ва Ваҳдат миллӣ бирасем.
Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи миллати куҳанбунёди тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуда, барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.
Ин дастоварди нодир ҳоло ба сифати ҷузъи таркибии ҳаёти мардуми мо дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон нақши бузург дошта,аз ин лиҳоз, ҳамаи мо — мардуми шарафманди Тоҷикистон уҳдадор ҳастем, ки ин дастоварди бузурги таърихӣ — ваҳдати миллиро гиромӣ ва пос дорем, онро эҳтирому эҳтиёт кунем, ояндабину дурандеш бошем, парчами ваҳдатро баланд бардошта, ба ватани маҳбубамон содиқ ва ин сарзамини аҷдодиро чун гавҳараки чашм эҳтиёт ва ҳифз намоем.
Олимҷон Азизов-мудири шуъбаи менеҷмент, муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ