Ваҳдати миллӣ-ганҷи бебаҳои миллат
Ҳар давлату миллат барои рушди устувор ва ҳаёти орому осуда ниёз ба субот ва якдилӣ дорад. Барои миллати тоҷик, ки як замон гирифтори ҷанги бародаркуш буд, ваҳдати миллӣ чун офтоби умед аз паси шаби тира тулӯъ кард. Имрӯз мо бо ифтихор дар фазои ин ваҳдат умр ба сар мебарем.
Ваҳдати миллӣ танҳо сухан нест — он эҳсоси амиқи ҳамдигарфаҳмӣ, меҳру муҳаббат ва омодагии ҳар як фард барои фурӯ бурдани кина ва пазириши якдигар аст. Миллати мо, пас аз дарсҳои талхи таърих, ниҳоят дарк намуд, ки танҳо дар якҷоягӣ, дар фазои сулҳ метавон Тоҷикистони азизро обод кард.
Ин рӯз рамзи оғози сулҳу ризоият, эҳёи боварӣ ва мустаҳкам шудани пояҳои ваҳдат буд. Имрӯз, пас аз зиёда аз бист сол, самараҳои ин ваҳдатро дар ҳар гӯшаи диёр мебинем — мактабҳо, беморхонаҳо, роҳҳо, зиндагии ором.
Сулҳ омад, нур фишонд дар сарзамин,
Бар сари кӯдак расид оромии чин.
Хонаи вайрона гашт ободу пур,
Аз муҳаббат гашт дилҳо пур зи нур.
Ваҳдати мо ганҷи поку зинда аст,
Решаи он дар дилу хирад ҳаст.
Пос дорем ин неъмати бегазанд,
То бимонад Тоҷикистонамон баланд!
Ваҳдати миллӣ неъматест, ки арзиши онро танҳо касоне мефаҳманд, ки рӯзҳои торикро аз сар гузарондаанд. Он ганҷест, ки бояд бо дилу ҷон ҳифз гардад. Мо — ҷавонон бояд ба қадри он расем, ба таҳсили илм ва созандагӣ пардозем, то мисли гузаштагон ба Ватан ифтихор бахшем. Зеро ҳар гуле, ки имрӯз мешукуфад, самараи ваҳдат аст.
Насим Маҷидов–мудири шӯъбаи таълиму омузӣш, ҳифзи сарҳад ва муқовимат ба терроризм бо истифода аз силоҳи қатли ом ва маводҳои ХБРЯ-и Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ