Ваҳдати миллӣ - пояи хушбахтӣ ва рушди миллат аст
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ки «барои расидан ба бузургтарин дастоварди замони истиқлолият – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва Ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босао-дати имрӯза ва бунёди Тоҷикистони навин, ки ҳоло аҳли башар онро ме-шиносад ва эътироф мекунад, мардуми шарафманди тоҷик содиқона заҳмат кашиданд, мушкилоту маҳрумиятҳои ниҳоят вазнинро аз сар гуза-рониданд, фидокориву ҷоннисориҳо нишон доданд ва қаҳрамониҳо карданд.
Рўзи Ваҳдати миллӣ – яке аз ҷашнҳои расмӣ аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ҳар сол 27 июн таҷлил мешавад.
Истиқлолият ва Ваҳдат бузургтарин арзишҳои миллӣ ва дасто-вардҳои ҳар як миллат ба ҳисоб рафта, дар шароити истиқлолият, Ваҳдат ва ягонагӣ инсон озоду осуда зиндагӣ намуда, худро ҳамчун миллат мешиносанд. Фарди худшиносу худогоҳ инкишоф дода, Ваҳдати миллӣ ра-ванди ташаккулёбии миллатро омили асосии унсурҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ваҳдати миллиро ташкил медиҳад. Хушбахтона, бо шарофати сиёсати хирадмандона, азму талошҳои пайгирона ва иқдомҳои созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сарзамини азияткашидаи мо сулҳ пойдор ва Ваҳдати миллӣ ба вуҷуд омад. Ин бузургтарин дастоварди даврони истиқлолият буда, ҳеҷ неъмате баробари сулҳ ва Ваҳдати миллӣ нест. Ҳатто истиқлоли кишваре, ки дар он сулҳу субот ва ваҳдати комилии ҷомеа пойдор набошад, наметавонад аркони давлат-дорӣ ва низоми сиёсиро дуруст амалӣ кунад. Ваҳдату ягонагӣ буд, ки душвориҳо ва монеаҳо дар кишвари азизи мо паси сар шуданд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ овард ва кишвари азизамон аз ҳар лиҳоз ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт ворид гардид. Ваҳдати миллӣ неъмати бузург ва муқаддасе мебошад, ки тамоми пешрафту комёбиҳо ва саодати рӯзгори мардум аз он маншаъ мегирад. Он барои ҳастии миллати бостонии мо дар баробари забони модарӣ ва дигар унсурҳои давлатдориамон нақши муа-ссир дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки худ меъмори сулҳи пойдори тоҷикон ва ваҳдату якпорчагӣ мебошанд, дар ин хусус чи хуб фармудаанд: «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонида бошад, медонад, дарахт соле як маротиба
ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор мео-рад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳра-вар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад».
Дар ҳақиқат, Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро кишваре, ки сулҳу осоиш ва ҳамбастагӣ дорад, бегазанд аст, давлаташ афзун гашта, аз ҷиҳати сиёсӣ, аз ҷиҳати иқтисодӣ ва фарҳангӣ пеш меравад. Дар ҷомеае, ки решаҳои сулҳу ваҳдат пойдору мустаҳкаманд, ҳеҷ гоҳ осеб намерасад. Рушду нумуъ ва тараққиёти миллат маҳз дар устувории сулҳу ваҳдат аст. Агар дар мамлакате пояҳои сулҳу ваҳдат мустаҳкам набошанд, он кишвар зарра-зарра аз даруни худ нобуд мешавад. На танҳо аъзои як оила бояд бо ҳамдигар иттифоқ бошанд, балки аз кӯдакони як сарзамин сар карда то ҳама нисбати ҳам эҳтиром қоил бошанду ҳамдигарро дӯст доранд, дар лаҳзаҳои танги ҳаёт дасти ҳамдигарро бигиранду якдигарро танҳо нагузоранд. Мо бояд шукрона кунем, ки ба чунин рӯзгори орому осуда ва сулҳу ваҳдати комил расидаем ва ҳоло таҷрибаи нодири сулҳи тоҷиконро созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва дигар давлатҳои муқта-дири дунё меомӯзанд.
Хурсанд Илолов - директори филиали Агентии амнинияти ХБРЯ-и АМИТ дар ВМКБ,
Саъди Ақдодов - нозири филиал