РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — РАМЗИ ЯКДИЛИИ ТОҶИКОН
Ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик чун гавҳари бебаҳо ва асоси ҳастии давлат ба ҳисоб меравад. Мардуми шарифи Тоҷикистон ин рӯзро ҳар сол 27-уми моҳи июн таҷлил намуда, аз ин ҷашн шукургузорӣ ва ифтихор менамоянд, ки он рамзи сулҳи пойдор ва якдилии миллат мебошад.
Баъд аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар соли 1991, Тоҷикистони тозаистиқлол ба ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гашт. Солҳои 1992–1997 ба мардуми тоҷик душвортарин ва фоҷиабортарин марҳала буд. Ин ҷанг ҳазорон қурбонӣ, садҳо ҳазор муҳоҷир ва вайрон шудани зерсохтору иқтисодиётро ба бор овард. Пас аз музокироти тӯлонӣ бо миёнаравии Созмони Милали Муттаҳид, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва дигар кишварҳои дӯст, 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар шаҳри Москва ба имзо расид. Ин рӯз ҳамчун оғози марҳалаи нав дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон қабул гардид.
Ваҳдати миллӣ танҳо созишномаи расмӣ нест — он фикр, фарҳанг, ҷаҳонбинӣ ва тарзи зиндагӣ мебошад. Дар фазои ваҳдат кишвари мо тавонист:
- сохторҳои иқтисодӣ ва иҷтимоиро барқарор намояд;
- сатҳи зиндагии мардумро беҳтар созад;
- низоми таълиму тандурустиро ислоҳ намояд;
- дар сатҳи байналмилалӣ обрӯ ва эътибор пайдо кунад.
Дарки ваҳдат бояд танҳо дар сухан набошад. Ҳар шаҳрванди масъул бояд:
- ба забон, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ арҷ гузорад;
- байни халқҳои сокини Тоҷикистон муҳити дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмиро тарғиб намояд;
- барои ҳимоя ва рушди давлат саҳм гузорад.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ — на танҳо ёдоварии як рӯзи таърихист, балки рамзи умеди нав, ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳ ва эҳёи давлатдории тоҷикон мебошад. Маҳз ваҳдат ва сулҳ сабаби аслии истиқрори давлат ва пешрафти ҷомеа мебошанд. Ҳамаи ин дастовардҳои назаррас маҳз бо заҳмату талош ва иқдомҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо роҳбарии бевоситаашон ба амал омаданд. Бинобар он мо тоҷикистониён бояд якдилона кушиш ба харҷ диҳем,ки ваҳдати миллиро ҳамчуни гавҳараки чашм ҳифз карда, осудагиву оромии ватанро устувор намоем, ба ҳама тафриқаҳои террористӣ - эктремистӣ роҳ надиҳем ва ҷавонони тоҷикро дар руҳияи ватандустӣ ва хештаншиносӣ тарбия намоем. Бигзор ин рӯйдоди муқаддас ҳамеша дар қалби ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ чун чароғи роҳнамо фурӯзон бимонад. Мӯминҷон Исматдинов - ходими илмии Филиали Агентии амнияти ХБРЯ–и АМИТ дар вилояти Суғд