Экспедитсия бо мақсади баргузор намудани мониторинги радиатсионӣ дар ВМКБ
Аз 7 то 30 июли соли 2025 бо мақсади мониторинг ва арзёбии вазъи радиатсионии минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Илҳом Мирсаидзода ва бо иштироки кормандони илмии Агентӣ сафари экспедитсионӣ ба шаҳру ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Хоруғ, Ишкошим ва Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба нақша гирифта шудааст.
Сафар нахуст аз чашмаи гарми минералии “Авҷ”, ки 20 км дуртар аз маркази ноҳияи Ишкошим воқеъ аст, бо гирифтани намунаҳо барои таҳлил, ҳамзамон ченкунии вазъи радиатсионии минтақаи мазкур сурат гирифт. Чашмаи минералии “Авҷ”, дар соҳили дарёи Панҷ, дар баландии 2410 м аз сатҳи баҳр ҷойгир аст, ки дар таркибаш гидрокарбонати сулфат, магний калсий дорад.
Кормандони Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ ҳолати кунунӣ ва вазъи радиатсионии минтақаҳои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшонро бо истифода аз усулҳои пешбинигардида ва таҷҳизотҳои наву замонавӣ, барои муайянкунӣ ва таҳияи харитаи радиатсионӣ мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор медиҳанд.
Тибқи нақша-чорабиниҳо гузаронидани мониторинги радиатсионӣ дар дигар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар назар аст.