Иштироки намояндагони WiN Тоҷикистон «Хонуми ядроӣ» дар Конфронси илмӣ- амалии байни донишгоҳо таҳти унвони «Мушкилоти актуалии замони мо: нигохи чавонон»
23 майи соли 2022 дар толори Шӯрои олимони ДДСТР бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалии байнидонишгоҳӣ таҳти унвони «Мушкилоти актуалии замони мо: нигоҳи ҷавонон» баргузор гардид.
Раиси конфронси мазкур ба уҳдаи аъзои WiN Тоҷикистон «Хонуми ядроӣ», номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи шаҳрвандии факултети ҳуқуқшиносии ДДСТР Аминова Ф.М. вогузор буд.
Дар конфронс донишҷӯён, магистрҳо ва номзадҳои илм аз донишгоҳу донишкадаҳои гуногуни Тоҷикистон ширкат доштанд.
Дар пленум иштирокунандагони WiN Тоҷикистон «Хонуми ядроӣ» бо маърузаҳо баромад намуданд.
- Мамадюсуфова М.Г., н.и.т., раиси Шӯрои олимони ҷавони АМИТ дар мавзӯи «Проблемаҳои муосири бехатарии биологӣ дар ҷаҳон» баромад намуд;
Ноиби президенти WiN Тоҷикистон «Хонуми ядроӣ» н.и.и.ф., ходими пешбари илмии лабораторияи «Сифати об, изотопҳо ва беҳдошт» Қаюмова Д.А. дар мавзӯи «Имкониятҳои занони Тоҷикистон дар ҷаҳони илм» маърӯза омода намуд. , ки дар он аз фаъолияти бахши миллии WiN Тоҷикистон дар самти пешбурди илм байни духтарон, аз ҷумла озмуни ташкилшудаи байни донишҷӯёни донишгоҳҳо, инчунин мизҳои мудаввари гуногун чи дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва чи дар сатҳи байналмилалӣ баргузор гардида, дарҷ гардида буд.
Дар хотима Қаюмова Д.А. ба директори Агентии амнияти ХБРЯ -и АМИТ Илҳом Мирсаидзода барои дастгирии ҳамаҷонибаи бахши миллии WiN Тоҷикистон «Хонуми ядроӣ» ва таҳкими нуфузи занон дар ҷомеа изҳори сипос намуд.