Боздиди ҳайати мутахассисони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон аз озмоишгоҳи Филиали Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ дар вилояти Суғд

Боздиди ҳайати мутахассисони самти бехатарии радиатсионӣ ва муҳити экологии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон аз фаъолияти озмоишгоҳ ва маркази матбуоти Филиали Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ дар вилояти Суғд
17 июли соли 2025, дар доираи таҳкими ҳамкориҳои байнидавлатӣ, ки пас аз ташрифи сарони давлатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон сурат гирифта буд, ҳайати мутахассисони самти бехатарии радиатсионӣ ва муҳити экологии кишварҳои мазкур бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти Озмоишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва Маркази матбуотии Филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд боздид анҷом доданд.
Дар ҷараёни боздид, меҳмонон бо инфрасохтор, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, истифодабарии таҷҳизоти муосири озмоишӣ, равандҳои таъмини бехатарии радиатсионӣ ва пешниҳоди маълумот ба аҳолӣ вобаста ба маҳфузгоҳҳои радиоактивие, ки дар вилояти Суғд ҷойгиранд, шиносоӣ пайдо намуданд.

Боздид дар фазои дӯстона ва созанда сурат гирифт ва ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими ҳамкорӣ дар самти таъмини амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ, ҳамзамон мубодилаи таҷриба изҳор доштанд.
Музокирот бо намояндагони Агентӣ имкон дод, ки масъалаҳои ҳамкории минбаъда дар самти бехатарии радиатсионӣ ва муҳити экологӣ баррасӣ шаванд.
Намояндагон аз кишварҳои ҳамсоя фаъолияти Филиали Агентӣ дар вилояти Суғдро баланд арзёбӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки бинои нави Филиали Агентӣ дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 9 августи соли 2022 ва бо мақсади амалӣ намудани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, инчунин Консепсияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба безараргардонӣ ва солимгардонии маҳфузгоҳҳои партовҳои коркарди маъдани уран бунёд гардидааст.