Ҷори намудани низоми муосири бойгонӣ ва интиқоли аксҳои рентгенӣ (PACS) дар марказҳои саратоншиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз ҷониби мутахассисони Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо кормандони муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ"-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марказҳои саратоншиносии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб, низоми бойгонӣ ва интиқоли аксҳои рентгенӣ (Picture Archiving and Communication System) бомуваффақият насб гардида, мавриди истифода қарор дода шуд.
Низоми мазкур имкон медиҳад, ки аксҳои рентгении тиббӣ, аз қабили ултра садо, томографияи компютерӣ ва дигар ташхисҳои рентгениро бо сифати баланд бойгонӣ намуда, дастрасӣ, мубодила ва интиқоли онҳо таъмин гардад ва ин раванд ба ташхиси саривақтӣ ва дақиқи бемориҳои саратон мусоидат менамояд.

Ҷорӣ намудани низоми мазкур мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ буда, дастрасии аҳолиро ба ташхису табобати муосир беҳтар менамояд.
Илова бар ин, дар доираи лоиҳаи мазкур, якчанд мутахассисони марказҳои саратоншиносии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб барои омӯзишҳои касбӣ ба хориҷи кишвар сафар карда, таҷрибаи пешрафтаи байналмилалиро дар соҳаи ташхис ва табобати саратон аз худ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи мазкур бо маблағгузории Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА) татбиқ гардида истодааст.
Татбиқи босамари лоиҳаи мазкур ба беҳбудии самти мубориза ба бемориҳои саратон хоҳад расонд.
