Семинари илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Хусусиятҳои бемориҳои зоонозӣ: Салмонеллёз ва Пастереллёз”
5 августи соли 2025 дар доираи "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)" ва дар амал татбиқ сохтани Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030 дар Маркази минтақавии бехатар, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ семинари илмӣ-амалӣ доир гардид.
Дар семинари мазкур лаборанти калони шуъбаи амнияти биологӣ Ибронзода Асила дар мавзӯи “Хусусиятҳои бемориҳои зоонозӣ: салмонеллёз ва пастереллёз” маърӯза намуд. Аз ҷониби ӯ қайд карда шуд, ки бемориҳои зоонозӣ, ки аз ҳайвонот ба инсон мегузаранд, имрӯз ба яке аз мушкилоти ҷиддии соҳаи тандурустӣ ва байторӣ табдил ёфтаанд. Аз ҷумла, салмонеллёз ва пастереллёз ду намуди чунин бемориҳо мебошанд, ки бо суръати баланд паҳн шуда, оқибатҳои шадиди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба бор меоранд. Ибронзода Асила ба иштирокчиён роҳҳои сироятёбӣ, нишонаҳо ва усулҳои пешгирии ин бемориҳоро шарҳ дод.
Ҳамчунин, зикр гардид, ки шуъбаи амнияти биологии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ ба омӯзиши бемориҳои зоонозӣ ихтисос ёфта, озмоишгоҳи он бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардидааст ва тадқиқотҳои илмӣ дар самти мазкур идома доранд.
Ҳадафи асосии ташкили чунин семинарҳои илмӣ-амалӣ баланд бардоштани сатҳи донишҳои касбии олимони ҷавон ва мубодилаи таҷриба миёни муҳаққиқони ботаҷрибаи Агентӣ мебошад, ки ба омодасозии кадрҳои сатҳи баланди илмӣ нигаронида шудааст.