Семинари илмӣ дар Филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ-и вилояти Суғд
6 августи соли 2025 дар партави дастур ва супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 30 майи соли 2024 дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар дода шудаанд, инчунин талаботи роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ, дар Филиали Агентӣ дар вилояти Суғд семинари илмӣ баргузор гардид.
Дар ин семинар мудири сектори корҳои илмӣ-таҳқиқотии Филиали Агентӣ, номзади илмҳои химия Тиллозода Ҳаким Иброҳим дар мавзӯи «Истихроҷи компонентҳои арзишнок (металлҳои нодирзамин) аз партовҳои маҳфузгоҳи радиоактивии Деҳмой ва Маркази гармидиҳӣ ва барқии Душанбе-2» бо презентатсияи пурмуҳтаво баромад кард.
Дар рафти семинар ба саволҳои сершумори иштирокчиён оид ба мавзӯи зикршуда ва имкониятҳои истихроҷу ҷудо кардани компонентҳои арзишнок (металлҳои нодирзамин) аз партовҳо ҷавобҳои мушаххас дода шуд.
Баргузории чунин семинарҳои муфид дар Филиали Агентӣ дар вилояти Суғд минбаъд низ идома хоҳад ёфт.