ФОРУМИ МИЛЛӢ «ҲАМКОРӢ БО ТАРАФҲОИ ЗАИНТЕРЕСОНӢ ОИД БА АСНОИ БАРҚАРОРСОЗИИ ОБЪЕКТҲОИ МЕРОСИ УРАН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
Аз 3 то 5 августи соли 2023 дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон (дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд) форуми миллӣ таҳти унвони «Ҳамкорӣ бо тарафҳои манфиатдор оид ба барқарорсозии объектҳои мероси уран дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар ин вохӯрӣ зиёда аз 100 намояндагони шарикони миллӣ ва байналмилалӣ, инчунин ташкилотҳои ҷамъиятӣ, васоити ахбори омма, гурӯҳҳои техникии корӣ ва мутахассисони бехатарии радиатсионӣ аз минтақаҳои ҳадафии вилояти Суғд ширкат карданд.
Дар нишаст натиҷаҳои фаъолияти гурӯҳҳои корӣ дар шаҳрҳои Истиқлол, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷамоати деҳоти Ғозиён ва деҳаи Адрасмон баррасӣ гардиданд. Онҳо таҷрибаи худ оид ба огоҳкунии аҳолӣ пеш аз оғози корҳои барқарорсозӣ дар ин минтақаҳоро низ пешниҳод намуданд.
Директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ Илҳом Мирсаидзода қайд кард, ки чорабинӣ дар доираи лоиҳаи минтақавии «Ҷалби тарафҳои манфиатдор ба барқарорсозии объектҳои мероси уран дар Осиёи Марказӣ (марҳилаи II)» доир гардид.
Чорабинӣ бо дастгирии Комиссияи Аврупоӣ аз тарафи Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар доираи лоиҳаи муштараки минтақавии САҲА ва ПРООН баргузор гардид.