Барномаи фарҳангӣ, бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон
5 октябри соли 2023 дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба муносибати «Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барномаи фарҳангӣ таҳти унвони «Забони тоҷикӣ зебо» бо роҳбарии клуби ҷавонон «Атом» Агентии ХБРЯ ва Кумитаи ибтидоии Ҳизби халқӣ-демократии «Афканишот» Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид.
Сазовор аст таъкид кардан, ки ҳамаи кормандони агентӣ дар барнома фаъолона иштирок намуда, шеърҳо, қиссаҳо, мақолҳо ва ҳикматҳоро бо забони пурзарфу зебои тоҷикӣ қироат карданд. Ба иштирокчиёни, ки бо нутқи зебо ва маҳорати қироати шеърҳо баён шуданд, китобҳо тақдим карда шуданд.