ҶАЛАСАИ СЕ РӮЗАИ МИНТАҚАВӢ БАРОИ РАВОНӢ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи се рўзаи минтақавӣ оид ба ҳамоҳангсозиро баргузор намуданд, ки дар ҳамкорӣ бо Агентии Байналмилалии Энергияи Атомӣ сурат гирифт. Мақсади чорабинӣ баррасии дастовардҳо ва муҳокимаи чорабиниҳои оянда дар доираи татбиқи лоиҳаи “RER 2020003 – дастгирии таҳлили роҳҳои коҳиш додани партоби карбон дар соҳаи энергетикаи декарбонизатсияшуда то соли 2050” буд.
Ин чорабинии муҳими минтақавӣ 18 коршиноси соҳаи энергетика ва тағйирёбии иқлимро аз кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ ҷамъ овард, ки қаблан дар таҳияи ва бознигариҳои нақшаҳои миллӣ дар соҳаи энергетика ва иқлим фаъолона иштирок доштанд.
Чорабиниро Илҳом Мирсаидзода – директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва инчунин Сорбон Холмухаммадзода – муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ карданд. Пас аз он Омархан Мадвалиев – роҳбари Ассотсиатсияи манбаҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ва намояндагони расмии Агентии Байналмилалии Энергияи Атомӣ ба иштирокчиён баромад намуданд.
Дар давоми ҷаласаи ҳамоҳангсозии минтақавӣ иштирокчиён вазъи кунунӣ ва дурнамоҳои муосири арзёбии соҳаи энергетикаро дар сатҳи кишвар муаррифӣ карданд, нақшаи кории лоиҳаро бо таъкиди ба зудӣ ташкил намудани курсҳо, семинарҳо ва миссияҳои коршиносӣ, ки барои иҷрои кор заруранд, баррасӣ намуданд ва инчунин барои афзоиши потенсиали бештар тадбирҳо пешниҳод карданд.