Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар илм
Ҳар сол, рӯзи 11 феврал дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар илм таҷлил карда мешавад, ки онро Маҷмаи Умумии СММ бо мақсади таъмин намудани дастрасии комил ва баробарии занон ва духтарон ба илм қабул кардааст.
Рӯзи 9 феврали соли 2023, Қаюмова Дилором Абдулҳамидовна (номзади илмҳои тиб), муовини президенти шуъбаи миллӣ «Хонуми ядроӣ» (WiN Tajikistan), ки масъули пешбурди илм миёни ҷавонон мебошад, якҷо бо муовини президент Шарофова Мижгона Умеджоновна (доктори илмҳои тиб) мизи мудаввареро бахшида ба «Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар илм» ташкил намуданд. Ҳадафи мизи мудаввар — тарғиби илм миёни занон ва духтарон тавассути мубодилаи таҷриба буд.
Дар чанд соли охир ҷомеаи ҷаҳонӣ кӯшишҳои зиёде барои ташвиқ ва ҷалби занон ва духтарон ба илм ба харҷ додааст.
Иштироки ҳамаҷониба ва баробарҳуқуқи занон ва духтарон дар фаъолияти илмӣ нақши ҳаётан муҳим мебозад: барои таъмин кардани гуногунрангии таҳқиқоти илмӣ, васеъ намудани доираи муҳаққиқони боистеъдод ва ворид сохтани назариёти нав.
Дар доираи ҳамкорӣ, иштирокдорони мизи мудаввар намояндагони шуъбаи миллӣ «Хонуми ядроӣ» дар назди Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ (ХБРЯ) НАНТ ва «Ассотсиатсияи занон, ки пиряхҳоро меомӯзанд» дар назди Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» буданд.
Иштирокчиёни мизи мудаввар маърузаҳо ва пешниҳодҳои олимони соҳаҳои гуногуни илмро шунида ва муҳокима карданд.
Тавре маълум аст, занон дар бисёр соҳаҳои илмӣ ва пажӯҳишӣ ҳанӯз ҳам ба андозаи кофӣ намояндагӣ надоранд ва соҳаи амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ низ истисно нест. Ҳамин тавр, сардори бахши назорати омодасозии касбии аҳолӣ дар Агентии амнияти ХБРЯ НАНТ, номзади илмҳои техникӣ, Шосафарова Шоира Гулмахмадовна бо маърузаи худ оид ба саҳми занон дар соҳаи амнияти ядроӣ ва фаъолияти асосии Агентии амнияти ХБРЯ баромад намуд.
Намояндагони «Ассотсиатсияи занон, ки пиряхҳоро меомӯзанд» дар презентатсияҳои худ дастовардҳоро дар соҳаи гляциология ба таври равшан нишон доданд.
Шарофова Мижгона Умеджоновна низ таҷриба ва дастовардҳои худро дар соҳаи илм бо ҳозирин мубодила намуда, ба ҳамаи иштирокдорон дар роҳи душвори илм комёбиҳо орзу кард.
Дар анҷом таъкид карда шуд, ки занон ва духтарон то ҳол пешсафи таҳқиқотҳои инноватсионӣ ва навоварӣ боқӣ мемонанд. Онҳо барои наслҳои оянда намунаҳои илҳомбахш ба ҳисоб мераванд.