Иштирок дар 67-умин ҷаласаи Конференсияи генералии Агентии Байналмилалии Энергияи Атомӣ (МАГАТЭ)
Аз 25 то 29 сентябри соли 2023 дар Маркази байналмилалии Вена (VIC) дар шаҳри Вена, Австрия, 67-умин ҷаласаи мунтазами Конференсияи генералии Агентии Байналмилалии Энергияи Атомӣ (МАГАТЭ) баргузор мегардад, ки дар он мақомотҳои баландпоя ва намояндагони давлатҳои аъзо масъалаҳои гуногунро баррасӣ хоҳанд кард.
Дар суханронии худ роҳбари делегацияи Тоҷикистон сатҳи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон бо МАГАТЭ-ро дар соҳаҳои гуногун таъкид намуд, аз ҷумла истифодаи осоиштаи технологияи ҳастаӣ дар доираи барномаҳои МАГАТЭ, ҳамчунин дигар лоиҳаҳои муҳими ҳамкорӣ дар соҳаҳои тандурустӣ, ҳифзи муҳити зист ва махсусан ҳифзи яхбандҳо дар доираи панҷуми ташаббуси Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ — Роҳбари миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, ки соли 2025-ро Соли байналмилалии ҳифзи яхбандҳо эълон намуд, зикр гардид.
Ҳамчунин аҳамияти барқарорсозии қаламравҳои осебдида аз истеҳсоли уран дар кишварҳои Осиёи Марказӣ таъкид карда шуд, натиҷаҳои корҳои барқарорсозии анҷомдода, мушкилоти мавҷуда ва зарурати амалӣ намудани тадбирҳои минбаъда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҳошияи конференсия делегацияи Тоҷикистон мулоқотҳои алоҳида бо намояндагони кишварҳои хориҷӣ доир намуда, масоили ҳамкорӣ ва татбиқи муштараки Нақшаи стратегӣ асосии МАГАТЭ оид ба барқарорсозии анборҳои партовҳои радиоактивӣ дар кишварҳои Осиёи Марказиро баррасӣ намуд.
Маълумоти муфассал:
https://www.iaea.org/about/governance/general conference/gc67/gc-at-glance