Ҷаласаи ҳамоҳанггарони миллӣ оид ба робитаҳои МАГАТЭ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз 23 то 26 майи соли 2023 дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ) ҳамкорӣ бо Агентии Байналмилалии Энергияи Атонӣ (МАГАТЭ) ҷаласаи ҳамоҳанггарони миллӣ оид ба робитаҳо баргузор гардид, бо мақсади васеъ намудани барномаҳои ҳамкории техникии МАГАТЭ.
Дар ҷаласа намояндагони зиёда аз 30 давлати аъзои Аврупо ва Осиёи Марказӣ ба таври мустақим иштирок карданд, инчунин зиёда аз 35 давлати аъзои МАГАТЭ ба вохӯрӣ тариқи виртуалӣ пайвастанд. Ин ҷаласа бори аввал аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардид.
Сипас, директор Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ Илҳом Мирсаидзода қайд намуд, ки дар ин ҷаласа мутахассисони лоиҳаҳои марбут ба рекультивацияи партовҳои маъдани уран, амнияти ҳастаӣ ва радиатсионӣ, соҳаи тандурустӣ масъалаҳои таъмини марказҳои тадқиқоти саратон бо таҷҳизоти муосир барои пешгирии бемориҳои саратон, ҳамзамон масъалаҳои ҳифзи яхбандҳо ва истифодаи радионуклидҳо ва технологияҳои радиатсионӣ барои муайян кардани синну соли ин яхбандҳо, инчунин лоиҳаҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва миллӣ муҳокима карданд.
«Ҷаласаи солона оид ба ҳамоҳанггарони миллӣ ба такмил ва пешбурди лоиҳаҳои ҳамкории техникии МАГАТЭ бахшида шудааст ва ин як майдони муҳими ҳамкорӣ ва мубодилаи идеяҳо барои давлатҳои аъзое мебошад, ки таҷрибаи татбиқи барномаҳои ҳамкории техникии МАГАТЭ-ро доранд», — гуфт дар суханронии худ директор Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ.
Зикр карда шуд, ки ин ҷаласа ба намояндагони давлатҳои аъзои Аврупо ва Осиёи Марказӣ имкон медиҳад, ки самаранокӣ ва таъсири лоиҳаҳои ҷорӣ, роҳи ҳалли инноватсионӣ барои мушкилоти пешомада ва ҳамкории техникиро оид ба масъалаҳои муҳим баҳогузорӣ намоянд, бо мақсади истифодаи илм ва техникаи ҳастаӣ дар ҳадафҳои сулҳомез.
Дар ҷараёни сессияҳои интерактивӣ, семинарҳо ва форумҳо иштирокчиён идеяҳои худро мубодила намуда, барномаҳои ҳамкории техникии МАГАТЭ ва мутобиқати онҳо бо Ҳадафҳои Рушди Устуворро муҳокима карданд.
Натиҷаҳои вохӯрӣ барои ташаккули стратегияҳо, сиёсати давлатӣ ва ташаббусҳои оянда, ки ба рушди сулҳомез ва устувори давлатҳои аъзо, аз ҷумла Аврупо ва Осиёи Марказӣ тавассути истифодаи илм ва технологияҳои ҳастаӣ мусоидат менамоянд, муфид хоҳанд буд.