Ҷаласа бо иштироки номзадҳо ва докторони илмҳои Шӯъбаи миллӣ «Хонуми ядроӣ»
17 феврали соли 2023 дар толори конфронсии Агентии амнияти ХБРЯ вохӯрӣ бо иштироки номзадҳо ва докторони илм аз бахши миллии «Хонумӣ ядроӣ» (WiN Тоҷикистон) баргузор гардид.
Вохӯрӣ ба муҳокимаи мавзӯъҳо барои мизҳои мудаввари илмӣ бахшида шуда буд. Қарор шуд, ки се мизи мудаввар ташкил карда шавад, ки ҳар яке ба самтҳои гуногуни илмӣ равона мегардад, аз ҷумла: масъалаҳои амнияти радиологӣ (назорати касбии радиатсия, мавзӯъҳои вобаста ба бемориҳои онкологӣ, мушкилоти марбут ба партовгоҳи маводи радиоактивӣ); масъалаҳои ғизо (таъсири иловаҳои гуногун ба сифати маҳсулоти озуқаворӣ); ҳамчунин мавзӯъҳои вобаста ба илми муосири асосии масолеҳ.
Ҳамчунин қарор шуд, ки маҷлиси аъзои бахши миллии «Хонумӣ ядроӣ» (WiN Тоҷикистон) бахшида ба Рӯзи модарон ва Рӯзи байналмилалии занон таҳти унвони «Нақши занон дар рушди илмҳо дар Тоҷикистон» баргузор гардад. Барои иштирок дар ин вохӯрӣ даъвати олимони барҷастае, ки дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият доранд, пешбинӣ шудааст.