Маросими расмии супоридани таҷҳизоти ташхисӣ ба Маркази вилоятии саратоншиносии шаҳри Кӯлоб
17 ноябри соли 2023 маросими расмии супоридани таҷҳизоти ташхисӣ ба маъмурияти Диспансери вилоятии саратоншиносии шаҳри Кӯлоб дар доираи татбиқи лоиҳаи миллӣ TAD6009-и Оҷонси байналмилалии неруи атомӣ (МАГАТЭ) таҳти унвони «Беҳтар намудани имкониятҳои ташхисӣ дар Диспансери вилоятии саратоншиносии шаҳри Кӯлоб» баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ, муовини директор Матин Аҳмедов ва сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ҳастаӣ назди АМИТ Олимҷон Азизов ҳамчун ёварони ҳамоҳангсози миллӣ аз номи Оҷонси байналмилалии неруи атомӣ (МАГАТЭ) таҷҳизоти ташхиси ултрасадоиро ба директори Маркази минтақавии саратоншиносии шаҳри Кӯлоб Наврӯзҷон Холматов супориданд.
Ҳадафи лоиҳаи зикршуда ошкорсозии саривақтӣ ва пешгирии бемориҳои гуногуни саратонӣ дар минтақа ва вилоятҳои ҳамсоя мебошад.
Қайд кардан зарур аст, ки татбиқи чунин лоиҳаҳо ба баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасониҳои ташхисиву табобатии бемориҳои саратонӣ дар минтақа ва ноҳияҳои ҳамсоя замина мегузорад.
Дар солҳои наздик Оҷонси байналмилалии неруи атомӣ (МАГАТЭ) нақша дорад дар доираи ҳамин лоиҳа таҷҳизоти дигарро харидорӣ намуда, кормандони Диспансери вилоятии саратоншиносии шаҳри Кӯлобро омӯзонад.