Ҷашни Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ назди АМИТ
16 ноябри соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ташаббуси Созмони ибтидоии «Афканишот» дар доираи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии «Хирадмандон» дар АМИТ чорабинии сиёсиву фарҳангӣ, бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Раиси Созмони ибтидоии «Афканишот» Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии «Хирадмандон», Илҳом Мирсаидзода, дар бораи таърихи 16-умин ҷаласаи Шӯрои Олии Тоҷикистон ва дастовардҳои роҳбари бузурги миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақл намуда, баён дошт, ки дар он рӯзҳои душвор, ки норизоӣ ва хушунат ҷомеаро фаро гирифта буд, ҳар як шаҳрванд ба ҷойи амн, сулҳ ва паноҳгоҳ ниёз дошт.
Қайд кардан ба ҷо аст, ки дар чунин вазъи душвор ба мардуми тоҷик роҳбари боҳуш ва башардӯст лозим буд. Дар ҳамин вазъи ҳассос ва тақдирсози миллӣ Сарвари давлат, ҳамчун шахси ҳамдарду шуҷоатманди ватандӯст, тавонист мардуми парокандашударо муттаҳид намуда, ҳамзамон барои нигоҳдории сулҳ ва ягонагии миллӣ дар сарзамини аҷдодонаш мубориза барад.
Дар анҷоми вохӯрӣ кормандони Агентӣ коллективан филми ҳуҷҷатии «Марди роҳ»-ро тамошо карданд.