Маросими расмии супоридани нақлиёт ба Қувваҳои Марзбонии Хадамоти давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Нақшаи миллии чорабиниҳо
15 сентябри соли 2023 маросими расмии супоридани воситаҳои нақлиётии Toyota Hilux ба Қувваҳои Марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Нақшаи миллии чорабиниҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қарори Шӯрои Амнияти СММ 1540 баргузор гардид.
Директор Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ Илҳом Мирсаидзода, ҳамчун ҳамоҳангсози миллӣ, воситаҳои нақлиётиро ба истифодаи кормандони Қувваҳои Марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Департаменти энержии ИМА супорид.
Ин ёрии техникӣ дар доираи лоиҳаи амнияти “сарҳадҳои сабз” пешниҳод шудааст, ки бо мақсади тақвияти инфрасохтори мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сарҳад бо Афғонистон равона шудааст.
Дар доираи татбиқи ин лоиҳа нақша шудааст супоридани либоси махсус, ҷузвдонҳои зиддисарнишинӣ, таҷҳизоти амалиётӣ дар кӯҳистон, либосҳои махсуси муҳофизатӣ барои разминиятсия, асбобҳои шабнамоӣ, дурбинҳо, мономокулярҳо, таҷҳизоти ирсол ва қабул (радиостансияҳо), воситаҳои махсуси низомӣ, нақлиётҳои гуногун, микроавтобусҳо бо таҷҳизоти ҳассос барои муайян кардани ҳаракати ғайриқонунии маводи ҳастаӣ ва радиоактивӣ ва як қатор дигар таҷҳизот.