Сафари хонандагони Литсей–интернати «Хотам И ПВ» ба Маркази минтақавии таълимӣ
15 марти соли 2023 дар доираи фаъолияти Сексияи Миллӣ WiN Global «Хонуми ядроӣ» (WiN Тоҷикистон) ва бо мақсади бедор намудани шавқу завқи наврасон ва ҷавонон ба илм, бо ташаббуси Зарина Шоймардонова – ҳаммуҳаррири калон ва мутахассиси калидии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, барои хонандагони синфҳои 10-11 литсей–интернати ТРЛИ «Хотам И ПВ» (филиал дар шаҳри Ҳисор) сафари омӯзишӣ ташкил карда шуд. Шогирдони даъватшуда иштирокчиёни олимпиадаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба физика, химия ва математика буданд.
Дар оғози вохӯрӣ Зарина Сафиёева – директори Маркази минтақавии омӯзишӣ оид ба пешгирии паҳншавии силоҳи қатли ом ва назорати содирот, президенти Сексияи Миллии WiN Global «Хонуми ядроӣ» (WiN Тоҷикистон) оид ба фаъолияти Маркази омӯзишӣ маълумот дода, доир ба доираи васеи фаъолиятҳои Маркази минтақавӣ ва тайёрии кадрҳо ба иштирокчиён маълумоти муфассал расонид.
Қайд кардан ба ҷо аст, ки семинарҳо ва курсҳои омӯзишӣ, ки дар ин марказ гузаронида мешаванд, масъалаҳои пешгирии паҳншавии силоҳи қатли ом ва назорати содирот, амнияти химиявӣ, биологӣ, ядроӣ ва радиатсионӣ, инчунин пешгирии терроризм бо истифода аз силоҳи қатли омро дар бар мегиранд.
Маркази минтақавӣ ҳар сол зиёда аз 500 мутахассисонро аз миёни кормандони вазоратҳо ва идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин ҳамкоронашон аз минтақаи Осиёи Миёна омӯзиш медиҳад.
Ҳамчунин, Марказ мунтазам курсҳои омӯзишӣ барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба пешгирии терроризм бо истифода аз силоҳи қатли ом ҳам дар Маркази омӯзишӣ ва ҳам дар қитъаҳои гуногуни сарҳадӣ баргузор менамояд.
Баъд аз боздид аз Маркази таълимӣ, ходими калони илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ Довгялло Яна Павловна, лексияи кушод таҳти унвони «Замин – хонаи умумии мо» баргузор намуд, ки дар он масъалаҳои асосии экология ва аҳамияти ҳифзи табиат барои наслҳои оянда баррасӣ гардид. Вай зикр намуд, ки: «Дар натиҷаи пешрафти илм ва техника инсон дар фаъолияти рӯзмарра таъсири бештар ба муҳити зист мерасонад».
Аз ин нуқтаи назар, инсон бояд ҳамеша бо муҳити атроф муносибати нек дошта бошад, аз ҳар гуна рафтори нодуруст худдорӣ кунад ва табиат ва захираҳои табииро бо огоҳӣ ва эҳтиёткорӣ истифода намояд. Табиатро барои наслҳои оянда ҳамон гуна бигузорем, ки офарида шудааст. Зеро нақши экология дар тарбияи иқтисодӣ, эстетикӣ, ҷуғрофӣ, гуманитарӣ, меҳнатдӯстона ва умуман ватандӯстона хеле калон аст.
Вай инчунин қайд намуд: «Олудашавии атмосфера, харобшавии қабати озон, хушкшавии замин, партовҳои пластикӣ ба уқёнус – ин танҳо қисмати хурди мушкилоти экологист, ки ба дахолати фаврӣ ниёз доранд. Ҳалли онҳо – қарзи тамоми кишварҳои ҷаҳон барои пешгирии фалокати глобалӣ мебошад. Лазим аст, ки атрофи корхонаҳо ва роҳҳо дарахт шинонанд, яъне умуман сабзкорӣ кунанд, ки ин нисбатан паҳншавии моддаҳои зарароварро кам мекунад. Ба ибораи дигар, бояд аз хурдӣ муҳити атрофро дӯст дошта, табиатро нигоҳ дорем, то ки дер нашуда бошад».
Дарс ҳамчунин дар шакли интерактивӣ баргузор гардид, ки дар он иштирокчиён сатҳи баланди огоҳӣ нишон доданд ва дар ҷараёни баҳс ба саволҳои худ посухҳои мушаххас ва қонеъкунанда гирифтанд.
Баъдан сафари омӯзишӣ ба лабораторияи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ давом кард. Кормандони лаборатория – номзади илмҳои техникӣ, сардори шӯъбаи илмӣ-ҷустуҷӯӣ Бахтиёр Баротов ва ҳаммуҳаррири калони лаборатория Меҳровар Бобоев, суханронии мухтасаре оид ба фаъолияти лаборатория, таҳлилҳо ва корҳои илмии анҷомдодаашон ва инчунин намоиши таҷҳизоти муосири лаборатория барои шогирдон доштанд.
Пас аз анҷоми сафари омӯзишӣ ба хонандагон китоби дарсӣ бо номи «Қонунҳои экологии Тоҷикистон», ҳамчунин туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.