Баргузории экспедитсияи илмӣ бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма дар Искандаркӯл

Аз 1 то 8 сентябри соли 2025 бо мақсади мониторинг ва арзёбии вазъияти радиатсионии минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти роҳбарии директори Агентии амнияти ҳастаӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ), профессор Илҳом Мирсаидзода, олимони чавони Агентӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма аз шабакаи телевизионии "Сафина", сафари экспедиционии илмӣ ба Искандаркӯл ташкил гардид.
Намояндагони воситахои ахбори омма аз рафти корхои илмӣ-таҳқиқоти зимни ченкунии сатҳи радиатсияи Искандаркул навор хоҳанд гирифт. Бояд қайд намуд, ки кормандони Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ вазъияти кунунӣ ва сатҳи радиатсияи Искандаркӯл ва минтақаҳои атрофи онро бо истифода аз усулҳои пешрафта ва таҷҳизоти муосири илмӣ мавриди таҳлилу омӯзиш қарор доданд. Аз минтақаҳои таҳқиқшаванда намунаҳои об ва хок барои муайян кардани мавҷудияти радионуклидҳо ҷамъоварӣ карда шуданд.
Дар асоси маълумоти дар ҷараёни экспедитсия бадастомада, дар озмоишгоҳи нави харитасозии радиатсионии Агентӣ харитаҳои дақиқи радиатсионии ин мавзеъҳо таҳия карда шуда, дар Атласи ояндаи вазъи радиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда мешавад.