Баргузории аввалин чорабинии минтақавӣ дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолатҳои ХБРЯ-и Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ.

Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолатҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Агентии амнияти ХБРЯ-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, аз 1 то 5 сентябри соли равон, баъд аз ба даст овардани мавқеи байналмилалӣ, ки аттестатсияи он аз ҷониби Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА) баргузор карда шуд - аввалин чоранибии минтақавӣ баргузор гардида истодааст.
Дар чорабинии мазкур, намояндагон аз давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ, аз ҷумла, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Арманистон, Озарбойҷон ва Гурҷистон иштирок доранд.