Дониш ва сулҳ — омилҳои асосии рушди устувор ва пешрафти Тоҷикистон
(Бардошт аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ санаи 30 августи соли 2025) Дар қатори суханрониҳои пурмуҳтавои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, суханронии сарвари давлат ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ санаи 30 августи соли 2025 ҷойгоҳи махсуси худро касб намуда, ба назари мо он хусусиятҳои барномавии дарозмуддатро дошта, барои рушди дурнамои давлати мо аҳаммияти аввалиндараҷа ва афзалиятнок мебошад. Вақте мо пас аз тамошои суханронии роҳбари давлат, мисли аз тариқи оинаи нилгун, қалам ба даст гирифта, онро ба таври амиқ ва дақиқ таҳлил кардем, ба хулоса омадем, ки аз лиҳози мазмун, таҳлили мушаххаси вазъи соҳаи маориф, ошкоро зикр намудани мушкилоти ҷойдошта ва пешниҳодҳои мушаххас ҷиҳати бартараф кардани норасоиҳо ва рушди дурнамои соҳа дар даҳсолаҳои оянда, ин суханронӣ ҳамчун қутбнамои замони муосир ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол хизмат мекунад. Бори дигар махсус қайд мекунем, ки ин суханронӣ яке аз намунаҳои барҷаста буда, дар радифи баромадҳои пурмуҳтавои сарони давлатҳои абарқудрат ва арбобони намоёни сиёсати замони муосир қарор дорад. Саволе ба миён меояд, ки ин суханронии барҷаста аз кадом ҷиҳатҳо аст? Дар посух мегӯем, ки рушди ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеаи муосири мо, бахусус дурнамои иқтисодиву иҷтимоии давлатамон ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон ба вазъи маориф ва ҷавобгӯи он ба талаботи тамаддуни муосир — аз қабили пайвасти технологияҳои нави рақамӣ, иттилоотию коммуникатсионӣ, истифодаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ, робототехника ва маводҳои нави композитӣ, алоқамандии ногусастанӣ дорад. Дар суханронии Пешвои миллат ду масъалаи ниҳоят муҳим ва стратегӣ — нақши дониш ва сулҳ — таҳлили амиқ ва илмиву асоснок ёфтааст. Қайд шудааст, ки дониш ҳамчун омили асосии рушди устувор ва пешрафти иқтисодиву иҷтимоии ҳар давлат мебошад ва сарчашмаи муваффақият ва зиндагии шоистаи ҳар як инсон аст. Нақши дониш дар осори безаволи ниёгонамон бо истилоҳҳое мисли «қутбнамои зиндагӣ», «чароғи равшан», «ҷавшани тан», «парчами зафармандӣ» ва «устоди беминнат» таъкид шудааст. Масалан, Фирдавсии бузург дар «Шоҳнома»-и безаволи худ чунин гуфтааст: Биёмӯзу бишнав зи ҳар донише, Биёбӣ зи ҳар донише ромише. Аз ин ҷиҳат дар суханронии Пешвои миллат қайд карда шудааст, ки «Дар замони мо, ки рушди босуръат ва бесобиқаи илму дониш, техникаву технологияҳо ва бахусус, зеҳни сунъӣ хусусияти барҷастаи он мебошад, донишомӯзӣ аҳаммияти аввалиндараҷа ва ҳатто ҳаётӣ пайдо кардааст. Яъне асре, ки мо дар он кору зиндагӣ дорем, асри илму дониш, кашфиёт ва ихтироот, техникаву технологияҳои навтарин — замони пешрафту тараққиёти миллату халқҳои босаводу донишманд ва навовар мебошад». Аз ин бармеояд, ки мафҳуми «донишомӯзӣ» дар ин ҷо маҳаки асосӣ буда, дар замони муосир аҳаммияти аввалиндараҷа ва ҳаётиро соҳиб аст, зеро ин асри пешрафти миллату халқҳои донишманд ва навовар мебошад. Вобаста ба нақши ҳалкунанда ва муҳими донишомӯзӣ дар ҳаёти ҷомеаи мо, пешниҳодҳои Пешвои миллат оид ба таҷдиди ҷиддии санадҳои муайянкунандаи мазмун ва сатҳи таҳсилот, аз ҷумла Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки ҳоло амал мекунад, хеле саривақтӣ ва муфид мебошад. Аз ин рӯ, сарвари давлат махсус таъкид карданд, ки «Таҳия ва қабули стандарти нави давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки ба натиҷа, таълими шахсиятсоз ва пайвастагии мактаб бо ҳаёти воқеӣ такя мекунад, амри зарур аст. Татбиқи чунин ислоҳот бояд бар асоси таҳлили амиқи вазъи кунунии таҳсилот ва таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ амалӣ шавад. Қабули стандарти нави давлатӣ бояд ба беҳбуди воқеии сифати таҳсилот, баландшавии қобилияти рақобати хатмкунандагон ва ташаккули низоми таълими устувор ва ҷавобгӯй ба ниёзҳои замон мусоидат намояд». Барои расидан ба натиҷаҳои назаррас дар ин самт, Пешвои миллат татбиқи тадбирҳои зеринро мувофиқ донистанд: Бо дарназардошти таҷрибаи кишварҳои муваффақ таҳия намудани меъёрҳои ягонаи муайянкунандаи сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ. Зеро даҳсолаҳост, ки сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ ва сохторҳои соҳа танҳо бо баҳои «чор»-у «панҷ» муайян карда мешавад. Дар заминаи Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот барои давраи то соли 2044 таъсис додани махзани ягона ҷиҳати таҳлил ва арзёбии сифати дониш, малака ва маҳорати таълимгирандагон тавассути технологияҳои рақамӣ. Фароҳам овардани шароит барои иштирок дар арзёбиҳо ва барномаҳои байналмилалӣ. Пайваста баррасӣ намудани натиҷаҳои мониторинг ва арзёбии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ ва андешидани тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълиму тарбия. Дуюмин омиле, ки ба устуворӣ ва пешрафти Тоҷикистон дар шароити пурпечутоби сиёсии ҷаҳони имрӯз мусоидат мекунад, масъалаи таъмини сулҳи ҷаҳонӣ мебошад, ки Пешвои миллат ташаббуси навини манфиатбахш барои тамоми кишварҳои ҷаҳон пешниҳод карданд. Чунончӣ, дар суханронии худ сарвари давлат қайд карданд: «Ташаббуси навбатии кишвари мо дар заминаи «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» идомаи мантиқии талошҳои сулҳхоҳонаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад». Дар ин замина баъдан таъкид шуд: «Ҷалб намудани саъю талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли мусолиматомези мушкилоти сайёра, аз қабили низоъҳо, ҷангу мухолифатҳо, фақру нобаробарӣ ва тағйирёбии иқлим, ки ба сулҳу амнияти наслҳои оянда хатар эҷод мекунад, асоси ин ташаббус мебошад». Яъне ин ташаббуси Тоҷикистон хусусияти умумибашарӣ дорад ва барои он равона шудааст, ки наслҳои оянда дар фазои сулҳ ва салоҳ донишомӯзӣ кунанд ва фаъолияти худро дар шароити арзанда ба роҳ монанд. Ин иқдоми навбатии Тоҷикистон бешубҳа аз ҷониби тамоми мардуми сулҳпарвари ҷаҳон дастгирӣ хоҳад шуд. Дар хулоса, мегӯем, ки суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ санаи 30 августи соли 2025 як баромади пурмуҳтаво ва барҷаста буда, моро даъват мекунад, ки ҳар як фарди бозаковати тоҷикистонӣ, новобаста аз вазифа ва мақомаш, дар роҳи донишомӯзӣ ва пойдор намудани сулҳ саҳми арзанда гузорад ва бо ин васила Тоҷикистони азизамонро ободу зебо созад ва обрӯи онро дар сатҳи байналмилалӣ боло бардорад. Комилҷон Эрматов — директор Филиали Агентии АХБРЯ АМИТ дар вилояти Суғд, номзади илмҳои техникӣ Назаров Холмурод — муовини директори Филиали Агентии АХБРЯ АМИТ дар вилояти Суғд, доктори илмҳои техникӣ, профессор Адҳамов Акбар — ҳуқуқшиноси Филиали Агентии АХБРЯ АМИТ дар вилояти Суғд