Китоб — ҳастии инсон ва нигаҳдорандаи таърихи тамаддуни кишвар мебошад.

Ҳар миллате, ки ба китоб арҷ мегузорад, роҳи пешрафт ва ободиро интихоб мекунад. Барои миллати тоҷик китоб ганҷинаи маърифат, хазинаи таҷрибаи инсоният ва оинаи рӯшани таъриху фарҳанг мебошад. Он ба инсон неруи маънавӣ мебахшад, андешаашро васеъ ва қалбашро бо нур равшан месозад.
Тибқи Конуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола дар ҷумҳурӣ 4 сентябр ҳамчун «Рӯзи китоб» ҷашн гирифта мешавад. Албатта ҷашн гирифтани чунин як рӯзи фараҳбахш, бояд басо муҳиму тантанавор бошад. Калиди дари илму кошонаи маърифат, асоси хираду зако¬ват, ганҷинаи фарҳангу нуру зиё, тарғибгари шодиву ободӣ, ҳаёти хурраму пурнишот китоб аст. Бузургон гуфтаанд, ки «Хонаи бе китоб мисли рӯзи бе офтоб аст».
Китоб падидаест, ки тавассути он инсон аз бадахлоқӣ, муҳтоҷӣ, ғаму дард озод мегардад. Китоб пайванди наслҳо буда дар тамоми давраҳо воситаи муҳимтарини интиқоли дониш ва таҷриба мебошад. Аз “Авесто” то осори Рӯдакӣ, аз “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ то “Маснавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, аз осори Садриддин Айнӣ то китобҳои муосир — ҳама мероси гаронбаҳои фарҳангӣ ва маънавии миллати тоҷик мебошанд, ки барои худшиносӣ ва худогоҳии мардум хидмат мекунанд. Беҳуда нест, сари гаҳвораи фарзанди тоҷик аз даври пеш китоби Ҳофизро мегузоштанд, ки то фарзандашон бо илму дониш ва заковат ба воя расад.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми неки эҳёи фарҳанги китобдорӣ ҷомаи амалӣ пушидааст, ки ба зинда кардани фарҳанги мутолиа ва баланд бардоштани нақши китоб нигаронида шудааст.
Дигаре аз иқдоми сарвари давлат ин ҳам ташкил ва баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки ҳазорҳо хонанда, донишҷӯ ва зиёиёни кишварро фаро мегирад. Аз ҷумла Китобхонаи миллӣ, ки имрӯз ҳамчун яке аз марказҳои бузурги илмӣ ва фарҳангӣ хизмат мекунад.
Боиси хушнудист, ки бо ташаббусҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷалби таваҷҷуҳи ҳамагон ба чоп ва нашри асарҳои классикӣ ва муосир нигаронида шудааст, ки то мардум ба осонӣ ба ганҷинаи адабиёт дастрасӣ дошта бошанд. Аз ҷумла нашр ва дастрас намудани ба ҳар як хонадони кишвар асарҳои «Тоҷикон”-и Б.Ғафуров ва “Шоҳнома”- и Фирдавсӣ бисёр туҳфаи бузург мебошад.
Дигаре аз иқдоми наҷиби Пешвои муаззами миллат ин ҳам додани эътибори хосса ба сифат ва мазмуни китобҳои дарсӣ барои мактаббачагон ва донишҷӯён мебошад.
Санаи 30 августи соли ҷорӣ ҳангоми суханронӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси Сулҳ махсусан қайд карданд:
“Китоби дарсӣ бояд хонандаро на фақат ба дараҷаи шинохти илм расонад, балки андешаи ӯро бедор созад, дар ниҳоди хонанда ҷаҳонбинии дунявӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва худшиносии миллиро ташаккул диҳад.”
Дар ин самт аз ҷониби сардори давлат мақомоти дахлдори давлатӣ музавваф гардиданд, ки онҳо бо ҷалби олимони соҳибтаҷриба Консепсияи таҳияи китобҳои дарсиро аз нав таҳия ва пешниҳод намоянд.
Ҳамчунин, пешниҳод карданд, ки китобҳои дарсӣ барои ҳамаи муассисаҳои таҳсилот пеш аз чоп аз ташхиси олимони Академияи миллии илмҳо гузаронида шаванд.
Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромадҳои худ дар мавриди китобу китобдорӣ ва ҳифзу эҳтироми он суханронӣ менамоянд. Бо супориши сарвари давлат имрӯз дар ҳама шаҳру ноҳияҳо мағозаҳои китоб мавриди истифода қарор гирифтааст.
Имрӯз китобҳо на танҳо ба шакли анъанавӣ, балки ба сурати электронӣ ва аудиоӣ низ дастрасанд. Ин имконият медиҳад, ки мутолиа барои ҳама осон гардад. Бо вуҷуди ин, арзиши китобҳои чопӣ ҳамоно боқӣ мондааст, зеро он на танҳо василаи дониш, балки як рамзи фарҳанг ва хотираи миллӣ низ мебошад.
Хулоса карда гуфтани ҳастем, ки Рӯзи китоб, на танҳо як санаи тақвимӣ, балки як пайём ба ҷомеа аст: мутолиа калиди фатҳи қуллаҳои дониш аст. Китоб инсонро бо олами маърифат мепайвандад ва роҳи рӯшани ҳаётро нишон медиҳад.
Бигузор ҳар хонадон китобхона дошта бошад ва ҳар фарзанди тоҷик дӯстдори мутолиа гардад. Чунки танҳо тавассути китоб мо метавонем арзишҳои миллиро ҳифз намуда, барои фардои кишвар заминаи мустаҳкам гузорем.
Аз фурсат истифода бурда, кулли мутахассисони соҳаи китобу китобдорӣ, шоирон ва нависандагон ва онҳое, ки ҳамарӯза бо китоб сару кор мегиранд, бо фарорасии «Рӯзи китоб — 4 сентябр» табрик намуда, ба эшон пеш аз ҳама саломатӣ, хушбахтӣ, осмони соф ва тамоми хушиҳои рӯзгорро таманно менамоем.