Дар Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ либоси ягона барои нозирони шуъбаи санҷиш ва чораҳои маҷбурсозӣ ба низом дароварда шуд
Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиологӣ ва ядроӣ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади таҳкими ҳувияти хизматӣ, баланд бардоштани сатҳи интизоми меҳнатӣ ва фароҳам овардани шинохти фаврӣ, либоси ягонаи хизматиро барои нозирони шуъбаи санҷиш ва чораҳои маҷбурсозӣ ба низом даровард.
Ҷорӣ намудани либоси ягона ба талаботи меъёрӣ ва амалӣ мутобиқ буда, барои таъмини якрангӣ ва намоиши сатҳи баланди омодабошии касбӣ мусоидат менамояд. Либос дорои нишонаҳои хос ва рамзҳои Агентӣ буда, ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ, бахусус дар ҷараёни санҷишҳо ва назорат истифода бурда мешавад.
Татбиқи иқдоми мазкур қадами муҳим дар самти баланд бардоштани сатҳи омодагӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар соҳаи амнияти ХБРЯ ва тақвияти ҳузури намоёни Агентӣ ҳамчун сохтори масъули давлатӣ мебошад.