Мукофоти фахрӣ муборак бошад, устоди гиромӣ!
Ҳайати Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ дар арафаи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуморо ба муносибати сарфароз гардиданатон бо унвони «Фарзанди фахрии шаҳри Истаравшан» самимона табрик мегӯянд.
Ин унвони бошараф шаҳодати эътирофи хизматҳои барҷастаи Шумо дар рушди илму маориф, таҳкими иқтидори кадрии кишвар ва саҳми беназир дар корҳои башардӯстона, аз ҷумла бунёди Маркази дастгирии оила ва кӯдаки «Фарзанди Ватан» ва Мактаб-интернати барои кӯдакони ятиму бепарастори шаҳри Истаравшан мебошад.
Фаъолияти пурсамари Шумо на танҳо обрӯи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро баланд бардоштааст, балки ба пешрафти иҷтимоӣ ва маърифатии шаҳри бостонии Истаравшан низ мусоидат намудааст.
Мо ифтихор дорем, ки Шумо бо заҳматҳои пайваста ва ташаббусҳои созандаатон намунаи олии хизмат ба Ватан ва мардум ҳастед. Бо истифода аз ин фурсат ба Шумо саломатии бардавом, комёбиҳои нав дар фаъолияти илмиву ҷамъиятӣ ва саодати рӯзгор таманно дорем!