Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи 10-уми сентябри соли равон дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати ХБРЯ-и Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинӣ директори Агентӣ, профессор Илҳом Мирсаидзода ва кулли кормандони ниҳоди мазкур иштирок намуданд.
Профессор Илҳом Мирсаидзода ҳозиринро бо ин ҷашни муқаддас самимона табрик гуфта, қайд намуд, ки Истиқлолият барои ҳар як фарзанди тоҷик неъмати бузург аст. Ҳамзамон, ӯ ҷавононро ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ даъват карда, таъкид намуд, ки рушди ояндаи Тоҷикистон аз саҳми ҷавонон вобастагии калон дорад.
Ҳамчунин, директор дар суханронии худ вобаста ба мушкилиҳои ҷойдошта ва рушди минбаъдаи Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ андешаронӣ карда, доир ба дастовардҳо ва нақшаҳои оянда суханронӣ намуд.
Чорабинӣ дар фазои идона ва ҳусни тафоҳум баргузор гардида, иштирокчиён аз муносибати мазкур изҳори хушнудӣ намуданд.