Иштироки олимони тоҷик дар 69-умин ҷаласаи Конфронси Генералии Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ
Директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ), профессор Илҳом Мирсаидзода, дар 69-умин ҷаласаи Конфронси Генералии Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА), ки аз 15 то 19 сентябри соли 2025 дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия баргузор мегардад, иштирок менамояд.
Илҳом Мирсаидзода бо ҳайати баландпояи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Азиз Назар, ва роҳбари намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди АБНА, Идибек Каландар, ҳамроҳӣ карда мешавад.
Конфронси Генералии АБНА як платформаи муҳими байналмилалӣ буда, дар он намояндагони давлатҳои узв масъалаҳои марбут ба бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ, истифодаи осоиштаи технологияҳои ҳастаӣ ва ҳамкориҳои техникӣ дар самти мазкурро баррасӣ мекунанд. Дар доираи ҷаласаи имсола, масъалаҳои муҳими глобалӣ, аз қабили пешгирии бемориҳои саратон, бехатарии озуқаворӣ, тақвияти амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ, солимгардонии партовгоҳҳои радиоактивӣ дар Осиёи Марказӣ ва истифодаи технологияҳои ҳастаӣ дар илм ва барои рушди устувор, мавриди муҳокима қарор хоҳанд гирифт. Инчунин, дар ҳошияи Конфронси мазкур баимзорасонии созиш вобаста ба маблағгузории лоиҳаҳо бо истифода аз технологияҳои ядроӣ ва радиатсионӣ дар вазорату идораҳои кишвар барои солҳои 2026-2027 дар назар аст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли АБНА дар талошҳои ҷаҳонӣ барои таъмини истифодаи бехатар ва осоиштаи нерӯи ҳастаӣ ва омода намудани мутахассисон дар самти бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ саҳми назаррас дорад.