Мулоқоти ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони шуъбаи кафолатҳои АБНА
Дирӯз, дар ҳошияи 69-умин ҷаласаи Конфронси Генералии Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА) мулоқоти байни ҳайъати Тоҷикистон ва намояндагон аз шуъбаи кафолатҳои АБНА сурат гирифт. Дар ҷаласаи мазкур, директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Илҳом Мирсаидзода ва муовини вазири саноат ва технологияҳои нав Азиз Назар иштирок намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои вобаста ба санҷиши муассисаҳое, ки дар фаъолияти худ маводҳои ядроӣ ва радиоактивӣ истифода мебаранд, ки он аз ҷониби нозирони Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ дар доираи ӯҳдадориҳои Созишнома дар бораи манъи паҳншавии силоҳи ҳастаӣ ва Протоколи иловагӣ, ки онҳо аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидаанд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамчунин, масъалаҳои марбут ба пешниҳоди саривақтии гузоришҳои электронӣ ба Портали декларатсияҳои давлатӣ (State Declaration Portal), баргузории чорабиниҳо дар Маркази навбунёди минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати ХБРЯ-и Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ ва омодасозии мутахассисони касбӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Дар хотима, тарафҳо аз баргузории мулоқоти мазкур изҳори сипос намуда ва омодагии худро барои идома додани ҳамкориҳо дар самти мазкур қайд намуданд.