Конфронси илмӣ – амалӣ дар мавзӯи “Арзёбии таъсири маҳфузгоҳҳои партовҳои уранӣ ба муҳити зист” бахшида ба 80 – солагии устод, шодравон Нуъмонҷон Хакимов
Имрӯз, 18 сентябри соли равон, дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати ХБРЯ-и Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалӣ зери унвонӣ “Арзёбии таъсири маҳфузгоҳҳои партовҳои уранӣ ба муҳити зист” баргузор гардид. Чорабинии мазкур бахшида ба 80-солагии шодравон устод Нуъмонҷон Хакимов, собиқ директори Филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар вилояти Суғд, сурат гирифт.
Конфронси мазкурро ноиби президенти АМИТ, Амонзода Илҳом ва академики АМИТ, Улмас Мирсаидов бо сухани ифтитоҳи оғоз намуданд. Ҳамзамон, дар Конфронс олимон ва муҳаққиқон аз Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ, Филиали Агентӣ дар вилояти Суғд, Институти химияи ба номи В.И. Никитини АМИТ ва дигарон иштирок намуданд.
Мавзӯҳои асосӣ Конфронс вобаста ба омӯзиш ва арзёбии таъсири маҳфузгоҳҳои партовҳои уранӣ ба экосистемаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳоди роҳҳои коҳиши хатарҳо, таҳияи тавсияҳои илмӣ барои бехатар идоракунии партовҳои урандор равона гардида буд.
Конфронс бо қабули эъломия ва тавсияҳо вобаста ба масъалаҳои зикргардида ба анҷом расида, ҳозиронро барои иштирок изҳори миннатдорӣ намуданд.