Нахустпатенти ихтироотӣ оид ба тарзи барқароркунии партовҳои саноатӣ
Ҳафтаи гузашта, тибқи натиҷаҳои фаъолияти ихтироотӣ, нахустпатент оид ба тарзи барқароркунии партовҳои саноатӣ дар Феҳристи давлатии ихтироотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами TJ1633 аз 15 сентябри соли 2025 ба қайд гирифта шуд.
Бояд қайд намуд, ки ихтирооти мазкур аз ҷониби директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Илҳом Мирсаидзода, ҳамроҳ бо муаллифон Саидзода В., Давлатшоев С., Фазилов А. пешниҳод гардида буд.