ҶАЛАСАИ ҲАМОҲАНГИИ ЛОИҲАИ "ҶАЛБИ ҶОНИБҲОИ МАНФИАТДОР ДАР ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ МЕРОСИ УРАН ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ, МАРҲИЛАИ III"

Имрӯз дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ҷаласаи ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид, ки дар он дурнамоии лоиҳаи "Ҷалби ҷонибҳои манфиатдор дар ҳалли масъалаҳои мероси уран дар Осиёи Марказӣ" (Марҳилаи III) муҳокима гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндагони мақомоти маҳаллӣ, коршиносон ва мутахассисони Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ҷамъ омаданд. Дар рафти ҷаласа иштирокчиён вобаста ба татбиқи лоиҳа, дастовардҳо ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ояндаи лоиҳаро муҳокима намуданд.
Марҳилаи сеюми лоиҳа барои мақсади густариши ҳамкориҳо, мубодилаи таҷриба ва ташаббуси озмоишӣ барои мусоидат ба барқарорсозии маҳфуҳгоҳҳои урандор равона шудааст. Лоиҳа ба кам кардани хатарҳои экологӣ ва иҷтимоии марбут ба партовҳои ҷамъшудаи уран, ки аз фаъолиятҳои истихроҷи маъдан дар даврони Шӯравӣ ба вуҷуд омадаанд, нигаронида шудааст.
Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба пешрафти лоиҳа, мушкилот ва дурнамои барқарорсозии мавзеъҳои мероси уран, бехатарии радиатсионӣ ва идоракунии партовҳои радиоактивӣ баррасӣ шуданд. Инчунин дар рафти ҷаласа ба иштирокчиён дарсҳои амалӣ оид ба истифодаи дозиметрҳо ва нақшаҳои амалие, ки барои беҳтар намудани вазъи иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар минтақаҳои мақсаднок равона шудаанд, пешниҳод гардид. Дар хотимаи чорабинӣ, вобаста ба ҳамкорӣ байни ҷонибҳои манфиатдор барои таъмини бехатарии радиатсионӣ ва ҳифзи саломатии сокиноне, ки дар наздикии мавзеъҳои мероси уран зиндагӣ мекунанд, таъкид карда шуд.
Чорабинии мазкур ҳамчун як қисми марҳилаи сеюми лоиҳаи минтақавӣ "Ҷалби ҷонибҳои манфиатдор дар ҳалли масъалаҳои мероси уран дар Осиёи Марказӣ", ки аз ҷониби Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ва Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид ва бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо амалӣ карда мешавад, ташкил карда шуд.
