Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ

Имрӯз, 5 ноябр, дар толори Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кулли кормандон сурат гирифт.
Чорабинии мазкур ҳамчун қисми тайёрии муассисаҳо ва ниҳодҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба таҷлили расмии Рӯзи Конститутсия – 6 ноябр сурат гирифт, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи истироҳат муқаррар шудааст. Дар ин рӯз мардуми Тоҷикистон бо шукӯҳу ифтихори баланди ватандорӣ дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро пешвоз мегиранд.
Бояд қайд намуд, ки Конститутсия на танҳо ҳуқуқҳои фитрии инсонро, аз қабили ҳуқуқ ба ҳаёт, саломатӣ ва озодиро муқаррар намудааст, балки масъулияти давлатро дар ҳифзи истиқлол, тамомияти арзӣ ва амнияти миллиро низ муайян менамояд. Инчунин, Конститутсия заминаи эҷоди қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии моҳиятан миллӣ ва созгор ба паймонҳои байналмилалиро фароҳам овардааст.
Дар маҷлиси тантанавӣ, кормандони Агентӣ вобаста ба арзишҳои Конститутсия чун пойдевори давлатдорӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва таъмини амнияти ҷомеа суханронӣ намудаанд.
Чорабинӣ бо муаррифии дастовардҳои илмӣ дар даврони истиқлолият хотима ёфт.
Ҳамоиши мазкур на танҳо эҳсоси худшиносии миллӣ ва шинохти Конститутсияро баланд бардошт, балки ҳамчун омили рушди бемайлони давлат ва вазъи муътадили сиёсӣ низ арзёбӣ менамояд.