Вохӯри бо мақсади шарҳи нуқтаҳои асосии паёми Пешвои Миллат
Санаи 18 декабри соли 2025 дар толори Маркази минтақавии бехатар, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ вохӯри бо мақсади шарҳи нуқтаҳои асосии паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

Сухани ифтитоҳиро директори Агентӣ, профессор Илҳом Мирсаидзода вобаста ба нуқтаҳои муҳими Паём, хусусан қисматҳои марбут ба рушди илм ва маориф, тарбияи насли наврас, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва ҳифзи ҷавонон аз таъсироти гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ ироа намуда, таъкид намуданд, ки Паёми имсолаи Пешвои муззами миллат ҳамчун роҳнамоии муҳим барои фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ асос хоҳад ёфт. Ҳамзамон, профессор Илҳом Мирсаидзода олимони ҷавонро барои аз худ кардани илму технологияи муосир, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва навиштани мақолаҳои илмӣ дар сатҳи байналмилалӣ даъват намуд.
Кормандони Агентӣ, Паёми мазкурро ҳамчун барномаи стратегӣ барои тақвияти амнияти миллӣ, рушди технологияҳои муосир ва пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ арзёбӣ намуда, омодагии худро барои амали гардонидани супоришҳои дар он зикргардида изҳор намуданд.

Инчунин, дар ҷалласаи мазкур масъалаҳои ҷорӣ вобаста ба фаъолияти Агентӣ ва нақшаҳои минбаъдаи он мавриди баррасӣ қарор дода шуд.