АРТИШИ МИЛЛӢ – ТАКЯГОҲИ АМНИЯТИ ДАВЛАТ
Артиши миллии мо дар вазъияте таъсис ёфт, ки кишвар ба ҳимоят ва субот ниёз дошт. Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ҷузъу томҳои муосир буда, амнияти марзу буми кишварро боэътимод таъмин мекунанд. Эҳтиром ба гузашта – ёдоварии қаҳрамониҳои падарон ва бобоёни мо дар ҷангҳои гуногун, тарбияи ҷавонон – бедор кардани ҳисси масъулият ва ватандӯстӣ дар замири насли наврас, миннатдорӣ – қадрдонии афсарон ва сарбозоне, ки шабонарӯз барои тинҷию амонии мо хизмат мекунанд.
Бархилофи дигар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, ки ин рузро ҳамчун мероси гузашта ҷашн мегиранд, барои Тоҷикистони соҳибистиқлол 23 – юми феврали соли 1993 таърихи нав ва воқеиро оғоз бахшид. Маҳз дар ҳамин рӯз, дар шароити хеле душвори сиёсӣ ва иқтисодӣ, аввавлин паради низомии Артиши миллии Тоҷикистон баргузор гардид.
Иқтибосҳои калидии Пешвои миллат дар бораи мактаби ҷасорат, ҳифзи соҳибистиқлолӣ, амнияти давлат ва эътимод ба сарбозон ин буд, ки артиши миллӣ барои фарзандони миллати мо мактаби воқеии мардонагӣ, ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватан буда, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ на танҳо қарзи шаҳрвандӣ, балки нишони баланди ифтихор ва шарафи ҳар як ҷавонмарди бонангу намуси тоҷик мебошад. Қувваҳои Мусаллаҳи ин миллат зодаи истиқлолияти давлатӣ ва яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллии мо буда, ва бо ҳар як афсарону сарбозони шуҷои худ ифтихор мекунем ва боварӣ дорем, ки онҳо минбаъд низ дар ҳимояи марзу буми кишвар ва дастовардҳои истиқлолият устувор меистанд.
23 – юми Феврал иди мардони бонангу номус аст. Ин рӯз ба мо ёдовар мешавад, ки сулҳу субот дар кишвар неъмати гаронбаҳост ва ҳифзи он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд, новобаста аз касбу кор, мебошад
Мудири сектори хоҷагидорӣ, Мирзоев А. М
Ходими илмии сектори таълиму омӯзиш, Исматдинов М. М