Рӯзи Артиши Миллӣ – сипари боэътимоди давлат
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ бахшида ба Рӯзи Артиши Миллӣ ҳамеша таъкид менамоянд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳрии Тоҷикистон яке аз дастовардҳои муҳими даврони ис-тиқлолият ба шумор мераванд, таъсис ва таҳкими Артиши миллӣ заминаи асосии ҳифзи истиқлолият, амният ва суботи кишвар мебошад. Артиши миллӣ дар шароити бисёр ҳассоси сиёсиву иҷтимоӣ ташкил ёфта, бо тало-шу ҷонфидоии фарзандони содиқи Ватан устувор гардид.
23 феврал – рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷики-стон ба ҳисоб меравад. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлол буда, дар шароити вазнин таъсис дода шуд, ки раванди тезутундшавии вазъи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар дар ҳолат но-ором қарор дошт ва низомиёни касбӣ ҳам дар кишвар кам буданд ва Тоҷикистон ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи худ шурӯъ намуд. Вале ба-рои бунёди он ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт, яъне ташкили Артиши миллии мо дар заминаи холӣ, аз сифр шурӯъ шуд.
Санаи 18–уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида, он дар заминаи «Фронти халқӣ» ва қувваҳое, ки Ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд таъсис дода шуд.
Рӯзи Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола 23 феврал таҷлил мегардад. Ин рӯз ҳамчун рамзи қудрат, матонат ва садоқати хиз-матчиёни ҳарбӣ ба Ватан дар таърихи давлатдории навини мо ҷойгоҳи хос дорад. Артиши миллӣ яке аз пояҳои асосии истиқлолият ва амнияти кишвар ба шумор меравад. Қувваҳои Мусаллаҳ аз неруҳои замини, қув-ваҳои ҳарбӣ, неруҳои ҳавоӣ, қувваҳои махсус, неруҳои дифои ҳавоӣ, гвардияи миллии презедентӣ ва қувваҳои амният иборат аст.
Артиши Миллии Тоҷикистон баъди бадаст овардани истиқлолияти давлатӣ таъсис ёфта, дар шароити душвори таърихӣ қадамҳои нахустини худро гузошт. Бо талошҳои роҳбарияти давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳ тадриҷан мустаҳкам гардида, ба як ниҳоди боэътимоди ҳифзи марзу буми кишвар табдил ёфтанд. Имрӯз Артиши миллӣ бо техника ва таьҳизотҳои муосир таъмин буда, ҳайҳати шахсии он аз ҷавонони далеру ватандӯст иборат аст. Хизмат дар сафи Қувваҳои Му-саллаҳ барои ҳар як ҷавонмарди кишвар мактаби шуҷоат, мардонагӣ ва ватандӯстӣ мебошад.
Рӯзи Артиши миллӣ на танҳо иди хизматчиёни ҳарбӣ, балки иди та-моми мардуми Тоҷикистон аст. Зеро ҳар як сокини кишвар аз осоиштагӣ ва суботи давлат баҳра мебарад, ки онро фарзандони содиқи Ватан сарбозону афсарон таъмин менамоянд. Таҷлили ин рӯз бо баргузории намо-ишҳои ҳарбӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ ва вохӯриҳо бо хизматчиёни Қув-ваҳои Мусаллаҳ сурат мегирад. Дар ин рӯз ба хизматчиёни намунавӣ рут-ба ва мукофотҳо тақдим карда мешаванд.
Хулоса, Артиши миллӣ сипари боэътимоди давлат, ҳомии сулҳу ваҳдат ва кафили осоиштаи мардум мебошад. Арҷгузорӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ ва эҳтиром ба Артиши миллӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст аст.
Зинда бод Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Директори филиали Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ дар ВМКБ: Илолов Х. Қ.
Нозири калони филиали Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ дар ВМКБ: Ақдодов С. Э.