33-солагии Артиши Миллӣ: Аз ҳимояи истиқлолият то сипари ояндаи Тоҷикистон
«Ҳифзи Ватан — қарзи муқаддаси ҳар як фарзанди содиқи миллат аст.»
23 феврали соли 2026 мо 33-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил мекунем. Ин рӯз на танҳо ид аст, балки рамзи роҳи душвори миллати тоҷик аз ҳолати ноустувор пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ то ба нерӯи муосир ва боэътимоди низомӣ табдил ёфтан мебошад.
Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар соли 1991, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави таърихӣ ворид гардид. Давлати ҷавон ба неруҳои мусаллаҳи мустақил ниёз дошт.
Соли 1993, дар шароити ҷанги шаҳрвандӣ ва таҳдидҳои зиёд ба истиқлолият, нахустин паради ҳарбӣ дар майдони "Дӯстӣ"-и Душанбе баргузор гардид. Ҳамон рӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қувваҳои мусаллаҳро расман таъсис доданд. Артиш аз "Фронти халқӣ" ва гурӯҳҳои ҳимоятгарони ҳукумати конститутсионӣ оғоз ёфт ва дар тӯли солҳои аввал вазифаи асосӣ - барқарор кардани сулҳ ва ваҳдат буд.
Артиши миллӣ дар шароити душвори сиёсӣ ва иқтисодӣ ташкил ёфт, аммо бо иродаи қавии фарзандони Ватан пояҳои устувори худро гузошта ба сипари боэътимоди давлат табдил ёфт. Вазифаи асосии он — ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти миллӣ ва нигоҳ доштани сулҳу субот аст. Дар шароити мураккаби геополитикӣ аҳамияти артиши миллӣ боз ҳам зиёдтар мегардад. Ҳар як шаҳрванд бояд дарк кунад: қудрати давлат на танҳо дар иқтисод ва дипломатия, балки дар иродаи мустаҳкам ва омодагии низомии он аст. Неруҳои мусаллаҳ дар мубориза бо таҳдидҳои муосир, муҳофизати сарҳад ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода саҳми назаррас доранд.
23 феврал дар таърихи давлатдории навини Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз рӯзҳои муҳим ва пурифтихор сабт гардидааст. Ин рӯз рамзи шуҷоат, ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватан мебошад. Артиши миллӣ посбони сулҳу субот, ҳомии истиқлолият ва такягоҳи асосии давлат аст.
Муҳтарам ҳамватанон! Имрӯз мо Рӯзи Артиши миллиро бо эҳсоси баланди ифтихор таҷлил менамоем. Артиши миллӣ рамзи қудрат, ваҳдат ва пойдории давлат аст. Бо шарофати ҷонфидоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарбозону афсарони далер, сулҳу оромӣ дар кишвари азизамон ҳукмфармост. Бигзор Артиши миллӣ ҳамеша неруманд бошад, сулҳ пойдор монад ва парчами давлат ҳамеша парафшон гардад.
Фидокорӣ, ҷасорат ва садоқати сарбозон мояи ифтихори миллат аст. Ҳар як шаҳрванд бояд дар ҳифзи Ватан саҳм гузорад. Бигзор сулҳу субот дар Тоҷикистон ҷовидона бошад ва Артиши миллӣ ҳамеша ҳомии боэътимоди давлату миллат бимонад. Артиши миллӣ на танҳо неруи низомӣ, балки рамзи ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад. Ҳар як сарбоз ҳангоми адои хизмат масъулияти бузургеро бар дӯш дорад - ҳифзи сулҳу оромии Ватан. Дар шароити ҷаҳони муосир, ки хатарҳо ва таҳдидҳо зиёданд, нақши неруҳои мусаллаҳ боз ҳам муҳимтар мегардад. Ҷавонони имрӯза бояд дарк намоянд, ки ҳифзи Ватан қарзи муқаддаси ҳар шаҳрванд аст. Бо дониш, интизом ва ватандӯстӣ метавон Артиши миллиро боз ҳам нерумандтар сохт.
Рӯзи Артиши Миллӣ муборак бод!
Шарифзода Асомуддин – лабаранти калони шуъбаи муайянкунии маводҳои таъиноташон дуҳадафа ва назорати содироти маводҳои ХБРЯ