Модар – сарчашмаи муҳаббат ва меҳрубонӣ
Рӯзи Модар яке аз ҷашнҳои пурмуҳаббат ва муқаддас дар кишвари мо мебошад. Ҳар сол 8 март ҳамзамон бо Рӯзи байналмилалии занон таҷлил карда мешавад. Ин рӯз рамзи эҳтиром, қадрдонӣ ва муҳаббати беандоза нисбат ба модарон ва занон мебошад.
Имрӯз давлат низ ба мақоми зан-модар таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Бо ташаббус ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми зан дар ҷомеа баланд бардошта шуда, иштироки онҳо дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт рӯз то рӯз бештар мегардад. Ин ҳама нишонаи эҳтиром ва қадршиносӣ нисбат ба зан-модар мебошад.
Модар фарзандашро ҳанӯз дар вақти дар батнаш будан дӯст медорад, эҳтиёт мекунад. Тамоми фикру зикраш барои сиҳату саломат тифлашро ба даст гирифтан аст. Шоир беҳуда нагуфтааст.
Як шаба он ранҷ, ки Модар кашид,
Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.
Модар — сарчашмаи меҳру муҳаббат, чароғи хонадон ва тарбиятгари насли инсон аст. Аз лаҳзаи аввалини зиндагӣ инсон гармии оғӯши модарро эҳсос мекунад. Маҳз модар аст, ки бо шабзиндадорӣ, заҳмат ва дуои нек фарзанди худро ба камол мерасонад. Меҳри модар беандоза ва фидокорона буда, ҳеҷ чиз онро иваз карда наметавонад.
Дар фарҳанги тоҷикӣ мақоми модар бисёр баланд аст. Бузургони адабиёти мо низ модарро васф намудаанд. Аз ҷумла, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Мирзо Турсунзода дар ашъори худ муҳаббат ва эҳтиром ба зан-модарро тараннум кардаанд. Осори онҳо ҷавононро ба қадршиносӣ ва пос доштани модар ҳидоят мекунад.
Дар Рӯзи Модар ҳар яки мо бояд ба модари худ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем, суханони нек гӯем ва меҳрубонии худро изҳор кунем.
Зеро модар на танҳо дар як рӯз, балки ҳамеша сазовори эҳтиром ва муҳаббати мост.
Бигзор чеҳраи модарон ҳамеша хандон, дилҳояшон пур аз шодӣ ва зиндагияшон саршор аз оромиву баракат бошад!
Кавракова Зубайда Бурихоновна - Мудири шуъбаи бехатарӣ ва амнияти биологӣ н.и.б., Агентии амнияти ХБРЯ – и АМИТ