ИДИ МОДАРОН-ҶАШНИ МУҲАББАТ ВА ЭҲТИРОМ
Модар азизтарин вуҷуди рӯи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад. Зан – модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи ишқи ҷовидонӣ, нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд мебошад. Зеро тору пуди модарон аз риштаи меҳру садоқат бофта шудааст. Худованд ба зан-модар қудрате ато намудааст, ки офарандаи зиндагӣ ва чароғи ҳар хонадон бошад.
Эмомлӣ Раҳмон
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 март ҳамчун Иди Модарон ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз яке аз идҳои муҳиму дӯстдоштаи мардум ба ҳисоб меравад, зеро он ба бузургдошти зан ва махсусан модар бахшида шудааст. Модар шахсест, ки ба инсон ҳаёт мебахшад, ӯро тарбия мекунад ва дар тамоми давраи зиндагӣ дастгирӣ менамояд. Ин рӯз рамзи муҳаббат, эҳтиром ва қадршиносии занон дар ҷомеа мебошад.
Таърих ин санаро бо Рӯзи байналмилалии занон пайванд медонад, ки онро Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни сатҳи ҷаҳонӣ эътироф намудааст. Вале дар Тоҷикистон ин рӯз мазмуни вижа касб карда, бештар бо номи Иди Модарон таҷлил мешавад. Ин ҳолат бозгӯи он аст, ки дар фарҳанг ва арзишҳои миллии мо модар ҷойгоҳи бисёр баланду гиромӣ дорад.
Дар ҷомеаи тоҷик модар ҳамчун рамзи меҳрубонӣ, сабр, таҳаммул ва поквиҷдонӣ маъруф аст. Аз замонҳои пеш дар адабиёти классикӣ ва мардумӣ симои модар бо эҳтироми зиёд тасвир шудааст. Адибон ва шоирон модарро равшангари хонадон, манбаи муҳаббат ва роҳнамои зиндагӣ васф намудаанд. Инсон нахустин сухан, нахустин қадам ва дарси аввалини зиндагиро маҳз аз оғӯши гарми модар мегирад. Модар аст, ки ба фарзанд одоби нек, эҳсоси масъулият ва муҳаббат ба инсонҳоро меомӯзонад. Ассосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон модарро муқаддастарин мавҷудот шуморида, нақши ӯро дар ташаккули ахлоқи ҷомеа ва тарбияи фарзандони ватандӯст барҷаста медонад.
Ҳамасола 8 март дар саросари кишвар бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад. Дар мактабҳо ва донишгоҳҳо чорабиниҳои фарҳангӣ доир шуда, хонандагону донишҷӯён бо қироати шеър ва иҷрои сурудҳои идона модаронро табрик менамоянд. Дар корхонаву муассисаҳо ҷамъомадҳои тантанавӣ баргузор гардида, занон бо ифтихорнома ва туҳфаҳо қадрдонӣ мешаванд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мавқеи зан-модар дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун неруи созанда ва пояи устувори ҷомеа эътироф шудааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ баланд бардоштани нақши занонро дар идоракунии давлатӣ ва ҳаёти иҷтимоӣ яке аз афзалиятҳои асосии худ медонад.
Иди Модарон инчунин моро водор месозад, ки нақши занро дар пешрафти ҷомеа амиқтар арзёбӣ намоем. Занони тоҷик имрӯз дар бахшҳои гуногун - аз маорифу тандурустӣ то илм, иқтисод ва идоракунии давлатӣ - фаъолона фаъолият мекунанд. Онҳо ҳамзамон бо иҷрои вазифаҳои модарӣ дар рушди давлат ва ҷомеа саҳми назаррас мегузоранд.
Бо ин ҳама, арҷгузорӣ ба модар набояд танҳо ба як рӯзи сол маҳдуд гардад. Эҳтиром, ғамхорӣ ва дастгирӣ бояд ҳамеша дар рафтору муносибати мо эҳсос шавад. Зеро дуои неки модар, меҳри беандоза ва пуштибонии ӯ барои ҳар инсон сарчашмаи қувват ва илҳом мебошад.
8 март – Иди Модарон таҷассумгари эҳтиром ба зан, рамзи меҳру муҳаббат ва пояи устувори оила аст. Ин рӯз моро ба он ҳидоят мекунад, ки арзиши модарро ҳамеша дарк намоем ва онҳоро бо сидқу сафо гиромӣ дорем.
Обрӯи аҳли дин аз хоки пои модар аст.
Ҳарчи дорад ин чамоъат аз дуои модар аст !
Ончи дар васфи биҳишт фармуд қуръони карим.
Соҳиби қуръон бигуфто зери пои модар аст.
Назаров Ф.А. мудири шуъбаи санҷиш ва чораҳои маҷбурсозии Агентӣ
Ҳасанов А. нозири калони шуъбаи санҷиш ва чораҳои маҷбурсозии Агентӣ
Ҳасанов А. нозири калони шуъбаи санҷиш ва чораҳои маҷбурсозии Агентӣ